Дар ноҳияи Роштқалъа шумораи коргоҳҳои хурди ресандагию бофандагӣ зиёд карда мешавад

Май 14, 2023 16:26

ХОРУҒ, 14.05.2003. /АМИТ «Ховар»/.  Шумораи корхонаҳои хурди ресандагию бофандагӣ дар деҳаи дурдасти Сежди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба чаҳор адад расид. Дар ҳар яке аз ин корхонаҳо аз 15 то 20 нафар занони ҳунарманди деҳа кор карда, аз пашми бузи тибетӣ ва гӯсфандҳои маҳаллӣ маҳсулоти гуногун тавлид мекунанд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар додааст.

Раҳима Шириншоева,  коргари яке аз ин коргоҳҳои хурд гуфт, ки  “ҳоло таваҷҷуҳи занону духтарони ҳунарманд ба    эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бамаротиб афзудааст. Тавассути таъсиси коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ дар як деҳаи мо зиёда аз 70 зану духтари бешуғл бо ҷойи кор таъмин шуд. Аксари занон қаблан низ дар хона ба ресандагию бофандагӣ машғул буданд ва аз ин ҳисоб ризқу рӯзии худро пайдо менамуданд, аммо ин ҷо шароит барои эҷоди ҳар гуна ҳунарҳои дастӣ хеле мусоид аст. Аз сӯи дигар, вақти мо низ хеле хуш мегузарад. Маъмурияти коргоҳ маҳсулоти моро ба фурӯш мегузорад ва моҳонаи моро сари вақт пардохт менамояд”.

Яке аз дигар занони ҳунарманди ин коргоҳ Дунёбегим Худодова, ки солҳои зиёд ба ресандагию бофандагӣ машғул аст, бунёди чунин коргоҳҳоро барои деҳотиён хеле муҳим мешуморад ва мегӯяд, ки “аксари сокинони деҳот аз ҳисоби фурӯши пашми чорвояшон  соҳиби маблағ мегарданд. Аз ин рӯ соҳаи чорводорӣ, ки чанд даҳсола пеш дар ҳоли рукуд буд, дубора рӯ ба тараққӣ овард. Ҳунари мардумӣ беҳтарин навъи санъату фарҳанг аст ва ба ҳаёт, кору рӯзгори мардум робитаи қавӣ дорад. Ин ҳунарҳои аз аҷдодон ба меросмонда ҳамеша аз эҳсоси баланди зебоипарастии миллати мо башорат медиҳанд ва таваҷҷуҳи зиёди сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб мекунанд. Аз нисф бештари маҳсулоти мо ба хориҷи мамлакат фурӯхта мешавад”.

Як анъанаи хуби ин коргоҳҳо боз он аст, ки бо хонандагони муассисаҳои таълимии деҳоти атроф робита барқарор намуда, пас аз дарс ба онҳо ҳунари ресандагию бофандагиро ёд медиҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 14, 2023 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад