Дар ноҳияи Шаҳристон барои парвариш ва афзоиши саршумори оҳу мамнуъгоҳ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳристон дар масоҳати 15 гектар мамнуъгоҳ таъсис ёфт, ки ба парваришу зиёд намудани саршумори оҳу мусоидат менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Мамнуъгоҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ташкил карда шуда, дар он 30 сар оҳуи навъи лама нигоҳдорӣ мешавад. Атрофи мамнуъгоҳ пурра симтӯр кашида шуда, барои муҳофизати оҳувон нозирон фаъолият мебаранд.
Зимни боздиди Раиси вилоят аз ин мамнуъгоҳ таъкид карда шуд, ки Шаҳристон дорои табиати нотакрор буда, бояд барои ҷалби сайёҳон аз иқтидори бузурги табиӣ истифода бурда шавад. Фаъолияти муназзами мамнуъгоҳ низ метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намояд.
Ба масъулини Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон дастур дода шуд, ки барои зиёд намудани саршумори оҳу ва назорати доимии онҳо чораҷӯӣ карда шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд









Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






