Дар Ню-Йорк ҳамбастагии рӯзномаи ҷаҳонии об ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муваффақона доир намудани Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, ҳамбастагии рӯзномаи ҷаҳонии об ва офатҳои табиӣ дар вохӯриҳои дуҷонибаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Директори Дафтари СММ оид ба кам кардани хавфи офатҳо (UNDRR) Паола Албрито, роҳбари Дафтари минтақавии UNDRR барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Октавиан Бивол ва роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист Ҷамил Аҳмад дар Ню- Йорк баррасӣ гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки вохӯриҳо дар ҳошияи иҷлосияи сатҳи баланд оид ба бозбинии миёнамуҳлати чаҳорчӯби Сендай марбут ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир гардид.
Дар вохӯриҳо ҷонибҳо масъалаҳои ҳамбастагии рӯзномаи ҷаҳонии об ва офатҳои табиӣ, аҳамияти татбиқи ҳадафу вазифаҳои чаҳорчӯби Сендай оид ба кохиши хатарҳои офатҳои табииро муҳокима карда, тақвияти ҳамкории дуҷонибаро таъкид намуданд.
Инчунин раиси Кумита дар доираи иҷлосияи чаҳорчӯби Сендай дар чорабинии канорӣ зери унвони «Тақвияти устуворӣ ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDCs)», ки аз ҷониби UNDRR, Дафтари СММ оид ба давлатҳои рушднамудаи маҳсур дар хушкӣ, кишварҳои дар ҳоли рушд ва давлатҳои хурди ҷазиравӣ (UN-OHRLLC) ва Намояндагии доимии Ботсвана ҳамчун раиси Гурӯҳи LLDCs танзим шудааст, иштирок ва суханронӣ намуд.
Баҳодур Шерализода оид ба таъсири чолишҳои ҷаҳонӣ, хусусан тағйирёбии иқлим ва хатари офатҳои табиӣ ба кишварҳои LLDCs ва зарурати андешидани тадбирҳои мушаххас барои беҳтар намудани ин ҳолат ибрози назар намуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 ба зиёда аз 48 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 2,1 миллион мусофир хизмат расонидааст
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар «Gulfood Dubai» ба намоиш гузошта шуданд
Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд мегарданд
Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудии молиявӣ ошкор намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани талаботи бехатарии саноат 226 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 824 деҳаи Тоҷикистон таҳқиқоти муҳандисию геологӣ гузаронида шуд
Дар корхонаҳои саноатии Мастчоҳ ба маблағи беш аз 410 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад
Ҳоким Холиқзода бо муовини Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон мулоқот намуд
Дар Мурғоб неругоҳи хурди офтобӣ бо иқтидори 1300 кВт ба истифода дода шуд
Дар Душанбе нахустин мағоза бо бренди «Тоҷикзамин» ифтитоҳ гардид






