Дар Ню Йорк вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об оид ба натиҷаҳои Конфронси оби СММ баргузор гардид

Май 18, 2023 18:17

ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк вохӯрии давлатҳои аъзои Гурӯҳи дӯстони об ҷиҳати муҳокимаи натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки 22-24 марти соли 2023 таҳти ҳамраисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр баргузор гардид, доир шуд.

 Дар вохӯрии мазкур иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро нисбат  ба натиҷаҳои конфронс, аз ҷумла паёмҳои асосии он ва қадамҳои баъдӣ  иброз доштанд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар суханронии худ  муваффақона анҷом ёфтани конфронс, аҳаммият ва саҳми назарраси  натиҷаҳои он ба равандҳои  ҷаҳонӣ, аз ҷумла Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, Саммити ҳадафҳои рушди устувор (сентябри 2023), Конфронси 28-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Саммити оянда (2024)-ро таъкид кард.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 18, 2023 18:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд