Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2023» оғоз ёфт

Май 24, 2023 11:38

ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми 3-юми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2023» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Форум аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор шуда, дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти давлатии соҳавӣ, роҳбарону намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ, роҳбарон ва аъзои ширкату корхонаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок доранд.

Форум ду рӯз идома карда, дар он муҳокимаҳои панелӣ оид ба масъалаҳои таҳия ва ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, масъалаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, пешбурд ва рушди содирот сурат мегирад. Дар зимн мулоқотҳои инфиродии соҳибкорону сармоягузорон ва тасвиби созишномаҳои ҳамкорӣ байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ баргузор мешавад.

Дар ҳошияи форум Намоишгоҳи «Бохтар Фуд — 2023» баҳри муаррифии имконияти истеҳсолӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон баргузор карда мешавад.Намоишгоҳ ба иштирокчиён ва меҳмонон имкон медиҳад, ки аз наздикӣ бо хусусияти хоси ҳар маҳсулот, аз ҷумла намуди зоҳир, ранг, мазза, шаҳдборӣ ва дигар сифатҳои он шинос шаванд. Дар баробари ин, ба иштирокчиён доир ба ҳаҷм, миқдор, майдони кишт, имконияти истеҳсолӣ, мавсими пухта расидан ва ҷамъоварии маҳсулот маълумот манзур карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2023»- ин рушд додани содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 24, 2023 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»