Дар Тоҷикистон дар майдони 90 872 гектар коркарди кимиёвӣ бар зидди малах гузаронида шуд

Май 21, 2023 09:07

ДУШАНБЕ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати имрӯза дар 114 233 гектар замини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ малах паҳн гаштааст. Гарчанде зимистони имсола нисбатан сард омад, вале тухми малах аз он кам осеб дидааст, ки ин яке аз сабабҳои асосии хуруҷи зиёди малах мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» -и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре муовини директори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Аҳмадов изҳор медорад, бо мақсади пешгирии саривақтӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии малах дар шаҳру ноҳияҳои осебпазир, инчунин ҷиҳати эмин нигоҳ доштани зироати кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо аз хисороти малах аз ҷониби муассиса тамоми чораҳо ба роҳ монда мешавад.

«Малахҳои галагӣ яке аз зараррасонҳои хавфнок дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд, ки метавонанд ба майдони зироати кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳ заррар расонанд. Малах ҳангоми тухмгузорӣ ҷойҳоеро интихоб менамояд, ки аз таъсири сардӣ, боронгарӣ ва дигар омилҳои таъсирбахш эмин бошад. Албатта, ин мавзеъҳо ҳангоми баромадани малах мушоҳидаи зиёд талаб менамоянд ва бо душворӣ дастрас карда шуда, бо дорупошакҳои дастӣ ва дастӣ-моторӣ коркард карда мешаванд»,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Дилшод Аҳмадов, малах аз кӯзачаҳо асосан дар се давра мебарояд ва  мавзеъҳои паҳнгаштаро ҳатман се маротиба бояд коркард намуд. Дар синни 1, 2, 3 ва 4-и малах коркард бо заҳрдору ниҳоят баманфиат мебошад, зеро дар ин давра бо хароҷоти ками заҳрдору, об ва техника малахро нест кардан хеле мувофиқ аст.

Дар ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои паҳнгаштаи малах мувофиқи маълумоти фаврӣ ба ҳолати 17 майи соли равон майдони паҳнгаштаи малах 114 233 гектар, аз он дар вилояти Хатлон 66 805 гектар, дар минтақаи Вахш 46 125 гектар, минтақаи Кӯлоб 20 680 гектар, вилояти Суғд 29 901 гектар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 52 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 475 гектарро ташкил медиҳад. Коркарди кимиёвӣ бар зидди малах дар майдони умумии 90 872 гектар гузаронида шудааст.

Тавре қаблан хабар дода будем, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ТОК ФАО) аз ҳамлаи бузурги малахи Марокаш ба ғаллазори  ҳашт музофоти шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон  ҳушдор  дод, ки ин намуди малах яке аз зараррасонҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ хатарнок дар саросари ҷаҳон мебошад. Ҳамлаи малах имсол метавонад аз 700 000 то 1,2 миллион тонна гандум ё ҳатто чоряки тамоми ҳосили солонаи ин давлатро талаф диҳад. Ин ба талафоти иқтисодии аз 280 то 480 миллион доллар баробар аст.

Дар робита ба он ки ин вазъи ҷумҳурии ҳамсоя то кадом андоза метавонад ба мамлакати мо низ таъсир гузорад, Дилшод Аҳмадов изҳор дошт, ки то ҳанӯз маълумот оид ба парвози ин намуди малах ба ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале аз ҷониби мутаххассисон тамоми тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ андешида мешавад.

«Дар доираи амалисозии Лоиҳаи минтақавии «Беҳтар намудани мубориза бар зидди малах (марҳилаи 2)» ТОК СММ дар мавсими имсола аз 4 то 8 апрел мушоҳидаҳои байнисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон гузаронида шуд. Мушоҳидаҳои байнисарҳадӣ бо давлати Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бинобар вазъи сиёсӣ гузаронида нашуд. Аммо шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳад омода мебошанд, ки ҳангоми парвози малах аз дигар давлатҳои ҳамсоя тадбир андешанд»,-иброз дошт мавсуф.

Ба гуфтаи коршиносон, чорабинии мубориза бар зидди малах маъракаи муҳим ба ҳисоб рафта, он дастҷамъона- бо кумак ва дастгирии мақомоти ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳама истифодабарандагони чарогоҳҳо, ки дар шаҳру ноҳияҳои паҳнгаштаи малах воқеъ гардидаанд, ба анҷом расонида мешавад.

Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» -и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни чорабиниҳои мубориза бар зидди малахро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои осебпазир таҳти назорати доимӣ қарор дода, бо мақсади эмин нигоҳ доштани зироати кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо корҳои зарурӣ  ба роҳ монда истодааст.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

 АКС аз манбаъҳои боз

Май 21, 2023 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
Кишоварзони Тоҷикистон соли 2026 дар беш аз 274 ҳазор гектар зироати ғалладонагӣ кишт менамоянд
Дар ҶСК «Барқи Тоҷик» самти энергетикии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардид
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи долони нақлиётӣ, ки Чинро бо Аврупо мепайвандад, ба мувофиқа расиданд
Сохтмони хати барқии баландшиддати ҳавоӣ аз зеристгоҳи «Равшан» то зеристгоҳи «Шаҳринав-2» идома дорад
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Татбиқи барномаҳои электронии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об баррасӣ шуд
Байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати «Jinda Anbang»-и Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Шуруъ аз 1 феврали соли 2026 дар Тоҷикистон тарифҳои нави барқу гармӣ ҷорӣ карда мешавад
КАРТОШКАПАРВАРӢ. Кишоварзони вилояти Хатлон дар 8 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд