«ДУНЁИ САОДАТ». Шаҳри Турсунзодаро дар Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ ансамбли «Қаратоғ» намояндагӣ мекунад

Май 8, 2023 10:53

ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар шаҳри Турсунзода даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони ансамбли фолклорӣ-этнографии «Қаратоғ» — хоҳарон Фароғат Муродова ва Фазолат Ҳоҷиева ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, барномаи ҷолиби бадеиву консертии бонувони ҳунарманд, воқеан, ҷолибу ибратбахш ва таҷассумгари фарҳанги волои  бонувони  ҳунарпеша буд.

Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҳунару истеъдоди иштирокчиён баҳои баланд доданд.

«Хоҳарон Фароғат Муродова ва Фазолат Ҳоҷиева бо фарзандон ва дигар аъзои оилаашон ҳамчун ансамбли оилавӣ дар даври ҷумҳуриявиии фестивал иштирок хоҳанд кард», — омадааст дар хабари манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 апрел то 15 май дар саросари Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» баргузор мегардад.

Даври ниҳоӣ ва барномаи фарҳангии гулчини Фестивал 15 майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев гузаронида мешавад.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали мазкур рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчӣ бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи комили ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкорӣ дар байни аҳолии мамлакат мебошад.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Май 8, 2023 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд