ФОРУМИ БЛОГЕРОНИ ҶАВОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД. Бардошти хабарнигори АМИТ «Ховар» аз он

Май 3, 2023 09:04

ДУШАНБЕ, 03.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 23 май-Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз 26 то 30 апрел дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон дар мавзуи «Дарёфти роҳҳо ва абзори истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ» Форуми ҷавонон ва инчунин таҳти унвони «Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ-кафили амнияти иттилоотӣ» чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор гардид.

Дар доираи форум 27-30 апрел зиёда аз 60 ҷавони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат сайри мавзеъҳои сайёҳиву таърихии минтақа намуда, бо намунаи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд шинос шуданд ва онҳоро тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ намуданд. Инчунин ҷавонони фаъоли тоҷик дар доираи форуми ҷавонон, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкил карда шуда буд, ба ноҳияи Айнӣ сафар намуда, аз оромгоҳ ва “Хона-музеи Нақибхони Туғрал” дидан карданд. Ба гуфти масъулин, мақсад аз баргузории форум тарғиби мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ, инчунин тарғиби имконияти сайёҳӣ тавассути блогерон ба ҳисоб меравад.

Дар доираи форуми мазкур иштирокчиён ба якчанд шаҳру ноҳияи дигари вилояти Суғд сафар намуданд. Ҳамчунин дар доираи форум ҷавонон баъди боздид аз маконҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент аз шаҳри Истаравшан боздид намуда, бо ёдгориҳои мондагори қалъаи «Муғ»-и шаҳри Истаравшан шинос шуданд.

Баъди тамошои қалъаи мазкур ҷавонони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан боздид карданд. Дар коллеҷи мазкур иштирокчиёни форум бо ҳунарҳои зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар коллеҷи мазкур аз рӯи 13 ихтисосу равия барои шогирдон омӯзиш ба роҳ монда шудааст.

Сипас аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри бостонии Панҷакент боздид карда шуд. Дар шаҳри мазкур баъди боздиди мақбара ва осорхонаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ иштирокчиёни форум ба Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рафта, аз он дидан карданд. Иштирокчиёни форум аз 8 толори осорхона, ба монанди толорҳои Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, давраи Сомониён, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, давраи Шӯравӣ, давраи Истиқлол ва толорҳои табиату мардумшиносӣ боздид намуда, блогерон тамоми ёдгориҳои таърихии осорхонаи мазкурро бо аксу навор дар саҳифаҳои иҷтимоии худ таблиғ намуданд. Сипас, ҷавонону блогерони фаъол озими шаҳри бостонии Саразм шуда, аз ёдгориҳои қадимаи Саразм дидан карданд.

Ҷавонони фаъоли мамлакат ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар доираи форуми ҷавонон аз Қасри Арбоб дидан карданд.

Ҷавонон майдону гулгаштҳои ин макони таърихиро, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардидааст, тамошо карданд.

Баъдан, ҷавонон аз осорхонаи таърихии ин бинои муҳташам, ки ба истиқболи 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пурра навсозӣ карда шудааст, боздид ба амал оварда, бо тамошои аксу ҳуҷҷатҳои таърихӣ аз ҳар рӯзи иҷлосия ва лаҳзаҳои хотирнишини он ёдоварӣ намуданд.

Воқеан, Қасри бошукуҳ ва таърихии Арбоб макони таърихӣ, гаҳвораи эҳёи Тоҷикистони навин, аввалин минбари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб шуда, барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон азизу муқаддас аст.


Баъд аз боздид аз Қасри бошукуҳ ва таърихии Арбоб ҷавонон аз Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ, ки ба номи ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ Зебуннисо Рустамова гузошта шудааст, дидан намуданд. Қобили тазаккур аст, ки Зебуннисо Рустамова соли 1976 дар намуди камонварӣ дар Олимпиадаи шаҳри Монреали Канада соҳиби медали биринҷӣ шудааст.

Инчунин 29 апрел дар доираи Форуми ҷавонон таҳти унвони «Дарёфти роҳҳо ва абзори истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ» дар Кохи фарҳанги Суғдиёни шаҳри Хуҷанд дар мавзуи «Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ-кафили амнияти иттилоотӣ» ҳамоиш доир шуд.

Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ-кафили амнияти иттилоотӣ маъруза намуда, нақши ҷавононро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Дар идома сиёсатшиносону коршиносони мамлакат сухан гуфта, ҷавононро ба таблиғи дурусти манфиатҳои милливу давлатдорӣ даъват намуданд. Чорабинии мазкур бо саволу ҷавоб ва мубоҳисаҳои блогерону фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бобати истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи форуми мазкур ҷавонон аз 26 то 30 апрел аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои , Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистони вилояти Суғд дидан карда, мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин ҷойҳоро тавассути саҳифаҳои худ таблиғу ташвиқ намуданд.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 3, 2023 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад