ГРАН ПРИИ ДУШАНБЕ. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон фурӯши чиптаҳоро оғоз намуд

Май 20, 2023 15:31

ДУШАНБЕ, 20.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон фурӯши чиптаҳоро ба аввалин мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гран Прии Душанбе оғоз кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Чиптаҳоро барои ҳар рӯзи мусобиқа ба таври алоҳида метавонед аз қароргоҳи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон (гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Неъмат Қарабоев,17/1) харидорӣ кунед.

Нархи як билет 50 сомонӣ буда, маблағи аз ин ҳисоб бадастомада бо дастури президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ба корҳои хайр сарф мешавад.

2-4 июни соли 2023 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ нахустмусобиқаи сатҳи байналмилалии ҷудо дар Тоҷикистон- Гран Прии Душанбе баргузор мегардад.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Май 20, 2023 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё варзишгоҳи Турсунзодаро тафтиш намуд
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Шоми бокс» баргузор мешавад
Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд
Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «PRO» идома дорад
Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид