ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА: «Хабари аз тарафи ҳамхизматонаш лату кӯб гардидани сарбози қаторӣ Аслиддин Маҷидов асос надорад»

Май 26, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 26.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн гардидани хабарҳо дар чанде аз сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба бемории сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддин Ҷалолиддинович, ки гӯё аз тарафи ҳамхизматонаш лату кӯб гардида, дар натиҷа бистарӣ шуда бошад, таҳқиқ намуда, онро беасос арзёбӣ менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Вазорат.

Ба иттилои Вазорати мудофиаи мамлакат, сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддин, санаи таваллудаш 5 ноябри соли 2004, аввали моҳи апрели соли 2023 аз ноҳияи Рашт ба яке аз қисмҳои низомии вазорат ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст.

Мавсуф 13 майи соли равон худро нотоб ҳис намуда, ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ муроҷиат менамояд. Духтур ҳолати беморро ташхис карда, ба ӯ ёрии тиббӣ мерасонад ва волидайни сарбозро низ аз вазъи бемории фарзандашон дар ҷараён мегузорад.

Дар изҳорот чунин омадааст:

— Волидайни сарбоз санаи 14 майи соли равон ҳангоми хабаргирии фарзандашон ҳолати ӯро мӯътадил дармеёбанд ва аз командири қисми низомӣ хоҳиш мекунанд, ки ба писарашон рухсатӣ диҳад.

Вале, баъд аз чанд рӯзи ба рухсатӣ баромадан, вазъи саломатии сарбози қаторӣ Аслиддин Маҷидов дар хона бад мегардад ва волидайнаш ӯро санаи 17 май соли равон барои ташхису муоина ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон-«Шифобахш» меоранд. Дар ин хусус масъулини қисми низомиро низ хабардор менамоянд.

Зимни муоинаву ташхиси пурра муайян мегардад, ки сарбози қаторӣ Аслиддин Маҷидов ба бемории «Алоими Гийенна Барре» мубтало гардидааст ва бемориаш ба хизмати ҳарбӣ ягон алоқамандӣ надорад.

Дар ин хусус сардори шуъбаи асаби №1-и калонсолон Темурмалик Улмасов ва духтури асабшиноси ҳамин шуъба Дилафрӯз Қосимова, ки ҷараёни табобати сарбози қаторӣ Аслиддин Маҷидов таҳти назорати бевоситаи ӯ қарор дорад, оид ба ҳолати сарбози номбурда чунин изҳор доштанд: «Санаи 17 майи соли равон Аслиддин Маҷидовро дар шуъбаи асаби №1 бистарӣ намудем. Вақте мо бо ҳамроҳии мутахассисони соҳа тамоми бадани бемор — сар, гардан, қафаси сина, миён ва тамоми ҷойҳои сутунмӯҳраи Аслиддин Маҷидовро муоина карда, томографияи комютерӣ гузаронидем, дар бадани ӯ ягон осору нишонаҳои лату кӯб дида намешуд ва ташхис муайян кард, ки сарбоз Маҷидов гирифтори бемории «Алоими Гийенна Барре» мебошад.

Ин беморӣ асосан аз вайрон гардидани иммунитет вобастагӣ дорад. Зеро, дар бадани инсон ҳазорҳо вирусҳои хобида мавҷуданд, ки ҳар шахс новобаста аз синну сол метавонад ҳангоми шамолхурӣ, истеъмоли меваи ношуста ва ё риоя накардани гигиенаи шахсӣ, ки ба тағйирёбии иммунитети ӯ таъсир мерасонад, мубталои чунин беморӣ гардад.

Бемории «Алоими Гийенна Барре» ин бемории илтиҳобию сироятиву автоиммунӣ мебошад, ки дар натиҷаи худ ба демиелинизацияи торҳои асаби канорӣ оварда мерасонад».

Айни ҳол рафти муолиҷаи бемории сарбози қаторӣ Аслиддин Маҷидов таҳти назорати табибони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон-«Шифобахш» ва Раёсати тиббӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд