«КӮКНОР-2023». Дар вилояти Суғд амалиёти пешгирикунанда гузаронида мешавад

Май 30, 2023 13:41

ДУШАНБЕ, 30.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 июн то 30 ноябр дар ҳудуди вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор-2023» гузаронида мешавад, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии мақомоти дахлдор Ситоди вилоятии амалиёти «Кӯкнор-2023» роҳандозӣ   гардида, барои баргузории он  гурӯҳҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода мешавад. Мақсад  аз гузаронидани ин амалиёт ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин баргузории чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотӣ-пешгирикунанда миёни табақаҳои мухталифи аҳолӣ мебошад.

Идораҳои марбута вазифадор гардидаанд, ки суиистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро пешгирӣ намуда, шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар дар байни аҳолӣ чорабиниҳои маҷмуии профилактикӣ, таблиғотӣ ва маърифатӣ гузаронанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 30, 2023 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд