Лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Тоҷикистон сазовори Ҷоизаи тиллои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гардид

Май 7, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 07.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди «Роғун — Обигарм – Нуробод» сазовори Ҷоизаи тиллои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)- «Gold Award» дар соҳаи рушди устувор  гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷоиза 5 май аз ҷониби  Роҳбари минтақавии БАТР дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон Айтен Рустамова ба Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим супорида шуд. Тақрибан чил лоиҳа ва корхона аз саросари ҷаҳон, ки дар таъмини устувории экологӣ ва иҷтимоӣ саҳми назаррас гузоштаанд, соҳиби ҷоизаҳои тилло, нуқра ва биринҷии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд шуданд. Қарор дар ин бора  ба наздикӣ  дар  идораи марказии бонк дар Лондон қабул гардид.

Лоиҳаи Тоҷикистон, ба гуфтаи Айтен Рустамова, бо назардошти саҳми он дар иқтисодиёт ва ҳамлу нақли аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳамчун яке аз беҳтарин намунаҳои лоиҳаҳои логистикӣ, ки аҳамияти онҳо солҳои охир боло рафтааст, қадрдонӣ ва соҳиби ҷоизаи олӣ гардидааст.

Ҷоизаҳои гуфташуда ҳамасола аз ҷониби БАТР барои ҷалби таваҷҷуҳ ба дастовардҳои рушди устувор бо қайди лоиҳаҳо ва корхонаҳое, ки бо инноватсия, таҷрибаи пешқадам, рушди устувор ва афзоиши иқтидор фарқ мекунанд, супорида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи  автомобилгарди  «Роғун-Обигарм-Нуробод» аз ду марҳила иборат буда, дарозии умумии роҳ зиёда аз 75 километрро ташкил медиҳад. Марҳилаи аввал  беш аз 30 километрро аз қитъаи Обигарм то Тагикамар фаро мегирад. Дар айни замон мутахассисон бо истифода аз техника ва механизми муосир кӯшиш мекунанд, ки иншоотро мувофиқи талаботи замон сохта, ба истифода диҳанд. Корҳои заминӣ, пармакунӣ, насби обпартои бетонӣ, деворҳои такягоҳ, насби арматура ва умуман корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ тибқи нақша идома доранд.

Дар ин қитъа, тибқи лоиҳа, сохтмони 5 пули дарозиашон 387 метр, таҷдиди як пули 93-метра, 2938 метр деворҳои муҳофизатии оҳану бетонӣ, 1986 метр деворҳои муҳофизатии сангу бетонӣ, 73 қубури дренажӣ бо  дарозии 3300 метр ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар ин хатсайр сохтмони ду нақб, аз ҷумла нақби Карағоч бо дарозии 1701 метр ва Кандак бо дарозии 1610 метр идома дорад. Роҳи автомобилгард аз ду хати ҳаракат иборат аст, паҳнои стандартии роҳ 12-15 метр ва паҳлуҳо 2,5 метрро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, роҳи автомобилгарди «Роғун — Обигарм – Нуробод» ба категорияи сеюми сохтмони роҳ мутобиқ карда мешавад.

Дар айни замон дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа 417 мутахассиси ватанӣ ва хориҷӣ бо иштироки 110 техникаву   механизм дар 41 нуқта кор мекунад. Аз шумораи умумии кормандон 311 нафарро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт имкон медиҳад, ки   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати транзитӣ мубаддал гардад ва ба бандарҳои ҷаҳонӣ пайваст шавад. Лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи мошингарди «Роғун-Обигарм-Нуробод» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ карда мешавад. Сохтмон ва истифодаи роҳи  автомобилгарди «Роғун-Обигарм-Нуробод» тибқи талаботи замон барои таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мутобиқ гардонидани шароит ва андозаи геометрии роҳҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин сарфаи вақт ва сӯзишворӣ, интиқоли молҳои  мавриди ниёзи мардум дар  чор фасли сол ва дар маҷмуъ, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузорад.

Ин роҳ дар қисмати шарқии Тоҷикистон ҷойгир буда, пойтахти мамлакатро бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш мепайвандад ва яке аз дарвозаҳои асосии пайвастшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ мебошад.

  АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 7, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст