Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз ҷараёни кишти картошка дар ноҳияи Тоҷикобод боздид намуд
ТОҶИКОБОД, 16.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Файзуллозода ва муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Зуҳурзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод рафта, бо ҷараёни кишту кори баҳорӣ, аз ҷумла кишти картошка ва нашъунамои ниҳолҳои боғҳо аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва ҳайати ҳамроҳаш аз идомаи кишти картошка дар шафати шоҳроҳ ва мавзеи баландкӯҳи Регак дидан намуда, бо деҳқонону механизаторон суҳбат намуд. Мавсуф ба масъулини соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дастур дод, ки дар давраи кишт талаботи агротехникиро риоя намуда, дар муҳлати пешбинишуда кишти картошкаро ба анҷом расонанд.
Гурӯҳи корӣ дар мавзеъҳои баландкӯҳи ноҳия бо ҷараёни кишти картошка шинос шуда, бо кишоварзон ва мутахассисони соҳа суҳбат намуд. Зимни боздид бобати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишт ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод








«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад






