Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ба даври сеюм баромад
ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати чаҳон оид ба бокс идома дорад. Дар рӯзи чоруми мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс 3 муштзан — Меҳрон Шафиев дар вазни то 48 кг, Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг намояндагӣ намуданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Меҳрон Шафиев ва Муҳаммад Аброриддинов аз намояндагони Ҳиндустон шикаст хӯрданд ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд.
Баҳодур Усмонов дар даври дуюм бар рақибаш аз Урдун – Муҳаммад Алкасба бо қарори якдилонаи доварон бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шуда, ба даври баъдӣ баромад.
Хотиррасон мешавем, ки имрӯз ду муштзани дигари тоҷик рақобатҳояшонро дар Чемпионати ҷаҳон доир мекунанд. Асрор Воҳидов дар вазни 57 кг дар даври дуюм бо Руҷоберто Армандо аз Мозамбика ва Давлат Болтаев дар вазни 92 кг дар даври якум бо Садам Магомедов аз Сербия рақобат менамоянд.
Давоми чор рӯзи Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Тошканд муштзанони тоҷик Меҳрон Шафиев дар вазни то 48 кг, Абубакр Муродзода дар вазни 60 кг, Довуд Маҳкамов дар вазни 71 кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни 80 кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд.
Бояд гуфт, ки фонди умумии ҷоизаҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар байни мардҳо 5,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 100 000 ва барандагони медали биринҷӣ 50 000 доллари ИМА дарёфт хоҳанд кард.
АКС аз манбаъҳои боз








Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид






