Намояндаи мақомоти сайёҳӣ дар Барномаи омӯзишии CAREC Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Батумии Гурҷистон давраи омӯзишӣ барои кормандони соҳаи сайёҳӣ, ки 15 май оғоз ёфта буд, ба анҷом расид. Дар он аз Тоҷикистон мудири бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Давраи омӯзишӣ дар заминаи тарҳи табодули дониш барои пешбурди ҳамкории минтақавӣ ва ҳамгироӣ барои рушди долони иқтисодӣ дар минтақаи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавиии Осиёи Марказӣ /CAREC/ созмон дода шуда, дар он намояндагони дигар давлатҳои аъзои CAREC иштирок доштанд.
Дар Тоҷикистон барои ба таври пурра роҳандозӣ намудани тамоми иқтидор, неруи кадрӣ, донишҳои назариявию амалӣ, дар маҷмуъ омода намудани кадрҳои болаёқати соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Сафари намояндаи сохтори сайёҳии мамлакат ба Гурҷистон, шиносоӣ бо фарҳанг, расму оини мардуми Гурҷистон шароит фароҳам меорад, то мутахассисони соҳа малакаи корӣ ва ҷаҳонбиниашонро васеъ намоянд.
Бояд гуфт, ки саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин самт омода намудани мутахассисони ихтисосманди соҳа ва васеъ намудани арзҳои меҳмоннавозӣ, саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати сайёҳӣ нақши муҳим мебозад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Аз Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллион доллар олуболу ва гелос содирот шудааст
«Амонатбонк» ба 143 муштарӣ дар ҳаҷми 8,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намуд
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавонмандсозии ҷавонон ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд
«Амонатбонк» ба муштариён хизматрасонии нави қарзии рақамии онлайнӣ пешниҳод намуд
Аз ҷониби намояндагии Тоҷикистон дар СММ чорабинии канорӣ оид ба ҳамкории зеҳни сунъӣ барои рушди устувор доир шуд
Тоҷикистон ва Покистон дар Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд оид ба зеҳни сунъӣ ва рушди устувор баргузор намуданд
Афзалияти рушди устувори Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди ECOSOC муаррифӣ гардид
Дороиҳои «Амонатбонк» 13 миллиард сомониро ташкил дода, сармояи бонк ба 1,2 миллиард сомонӣ расидааст
Дар Женева ҷаласаи 68-уми Ассамблеяи давлатҳои аъзои СУМЗ баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ баргузор мегардад
Дар Шанхай Форуми иқтисодию тиҷоратии вилояти Суғди Тоҷикистон доир шуд






