«НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ». Ғолибони даври шаҳрии озмун муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомидин Бобозода хабар дод.
Дар ҷамъбаст бо ба баст овардани холи аз ҳама зиёд (50,6) дастаи Гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ ҷойи якум, Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо 50,1 хол ҷойи дуюм, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии -«Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе бо 33,8 хол ҷойи сеюм, Гимназияи хусусии «Донишвар» ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Исмоили Сомонӣ мутаносибан ҷойҳои чоруму панҷумро сазовор гардиданд. Ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе барои ҳамкории судманд дар тарғибу ташвиқи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ байни кӯдакону наврасон, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо ва дар ин замина дар баргузории даври шаҳрии Озмуни «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» ва Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» барои саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории даври шаҳрии Озмуни «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» Сипоснома супорида шуд.
Озмун аз рӯи 5 шарт: Донандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (кор бо тест, 8 савол); Пурдон (1 иштирокчӣ ба 20 савол ҷавоб пешниҳод менамояд); Танзимгари наврас (1 иштирокчӣ ба 10 савол ҷавоб пешниҳод менамояд); Чархи амонӣ (аз даста 4 нафар (2 писар ва 2 духтар) иштирок менамояд); Азназаргузаронии сафороӣ (даста аз 10 иштирокчӣ иборат аст) гузаронида шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби тарбиягирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардид.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд






