«ОИЛАИ СОЛИМ-НАСЛИ СОЛИМ». Дар шаҳри Ваҳдат таҳти чунин унвон ҳамоиши идонаи фарҳангӣ-маърифатӣ доир шуд

Май 15, 2023 14:17

ВАҲДАТ, 15.05.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Ба ифтихори  Рӯзи  байналмилалии  оила ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ваҳдат таҳти унвони «Оилаи солим-насли солим» ҳамоиши  идонаи фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Дар ҳамоиш роҳбарони шаҳри Ваҳдат, меҳмонону фаъолон ва  ҷавонон  иштирок намуда, ба ду ҷуфт навхонадор шаҳодатномаи ақди никоҳ, ба 11 кӯдаки навзоду 9 ятими кулл шаҳодатномаи таваллуди ройгон  ва ба оилаҳои намунавии шаҳр,  собиқадорони мақомоти САҲШ  туҳфаҳои хотиравӣ  тақдим карда шуд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

Оила  ячейкае мебошад, ки қонуну қоидаи худро дорад. Дар ҳамин макон агар фарзанд дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёбад, ба халқу ватани хеш дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ содиқона хизмат менамояд.  Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди  тоҷик ҳамчун ниҳоди муқадас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад. Аз ин рӯ мо вазифадорем, ки фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, ёфтани ризқи ҳалолро аз меҳнат намудан дар замини наздиҳавлигӣ оғоз намуда, то корҳои давлатӣ роҳнамоӣ намоем.  Падару модарон бояд фарзанди каси дигарро, ки ба ҳайси келин ё домод қабул менамоянд, чун фарзанди худ дониста, таҷрибаю кордонии хешро барои муваффақ гардиданашон ба онҳо омӯзанд, на ин ки сарзаниш намуда, зиндагии онҳоро вайрон намоянд.

Танҳо дар ҳамдигарфаҳмӣ ва кумак ба якдигар зиндагии босаодату хушбахтӣ насиби кас  мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2023 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд