«ОМӮЗГОРИ СОЛ-2023». Дар Бадахшон ғолиби озмуни вилоятӣ муайян гардид

Май 8, 2023 10:22

ХОРУҒ, 08.05 2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни вилоятии «Омӯзгори сол 2023» бо иштироки 8 довталаб ба поён расид ва омӯзгори сол муайян гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ  «Ховар» Файз Мирасан.  

Баланд бардоштани салоҳиятнокӣ, сайқал додани маҳорати касбӣ ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорон яке аз ҳадафҳои ин озмун ба шумор меравад. Бо қарори мушовираи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  мақсади пайдо намудани омӯзгорони   эҷодкору ташаббускор ва навовар ҳамасола озмуни «Омӯзгори сол»  баргузор мегардад. Соли равон дар озмуни вилоятии «Омӯзгори сол 2023» 8 довталаб иштирок намуда, давоми се рӯз аз рӯи 7 шарт байни ҳам рақобат намуданд.

Ғолиби ҷойи аввали озмуни вилоятии «Омӯзгори сол 2023» Дилдор Суҳробов дониста шуд. Ҷои дуюмро омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-уми ноҳияи Шуғнон Камила Ниёзова ба даст овард. Мақоми сеюмро дар ин озмун омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами сеюми ноҳияи Дарвоз Дороб Маҳмудов гирифт.

Дар ҷамъбасти озмун сардори Раёсати маорифи вилоят нақши омӯзгоронро дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва таълиму тарбияи насли даврони истиқлол барҷаста хонда, изҳор дошт, ки Пешвои миллат барҳақ фармудаанд: «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 8, 2023 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид