Ҷованни Инфантино: «Зерсохтори футбол дар Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ рушд менамояд»
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Пас аз мулоқот Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуданд.
Ба гуфти Ҷованни Инфантино, зимни мулоқот масоил оид ба рушди футбол дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Дар Тоҷикистон миллионҳо ҳаводорони футбол зиндагӣ доранд. Дар ин росто бояд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол, Конфедератсияи футболи Осиё ва Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ кор кунанд, то ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ боз бештар рушд ёбад.
«Мо бояд ба рушди зерсохтори футбол дар Тоҷикистон сармоягузории зурурӣ равона кунем. Дар шаҳри Душанбе сохтмони варзишгоҳи замонавӣ идома дорад, ки дар оянда метавонад «рамзи рушди футбол»-и Тоҷикистон гардад.
Ба гуфти Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол, як бахши муҳим — ин ҳамкории сохторҳои футбол бо мактабҳо мебошад, ки ба тарбия тавассути футбол заминаи хуб мегузорад.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз зерсохтори футболи Тоҷикистон барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва мантақавӣ пурра омода мебошад. Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё аз он самаранок истифода мебаранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад






