Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Алихан Смаилов мулоқот намуданд
Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид.
Дар оғози вохӯрӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Мо шарикии стратегиро бо Қазоқистони бародар баланд арзёбӣ мекунем».
Таъкид гардид, ки барои инкишофи муносибатҳои ду давлат имрӯз ҳамаи шароити мусоид мавҷуд аст ва баҳри густариши онҳо таҷрибаи бойи ҳамкории созанда дар ҳамаи соҳаҳои асосӣ андухта ва роҳандозӣ шудааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши муносибатҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт, саноат ва кооператсия, энергетика, нақлиёту боркашонӣ ва металлургия муҳокима намуданд.
Барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ истифодаи имкониятҳои мавҷуда, пурзур кардани робитаҳо байни муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ, гузарондани тадқиқоти якҷояи илмӣ, аз ҷумла дар соҳаи инноватсия ва технологияи иттилоотӣ, зарур шумурда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






