Рӯзи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 34-уми байналмилалии «Китоби Теҳрон» расман ифтитоҳ шуд

Май 11, 2023 15:30

ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 20 май дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Намоишгоҳи 34-уми байналмилалии «Китоби Теҳрон» баргузор мегардад, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони хосса дар ин намоишгоҳ муқаррар гардидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Дар ҳошияи ифтитоҳи Намоиши байналмилалии «Китоби Теҳрон» дирӯз мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдии Исмоилӣ ва доктор Аҳмадванд — муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ, ки ҳамзамон раисии Намоишгоҳи байналмилалии китобро ба зимма дорад, доир гардид.

Зимни суҳбат вобаста ба  ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла дар соҳаи театр, санъат ва нашри китобҳо табодули афкор анҷом дода шуд. Ҳамзамон ҷониби Эрон иштироки Тоҷикистонро ба ҳайси меҳмони хосса дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб муҳим арзёбӣ намуд.

Имрӯз дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ Рӯзи Тоҷикистон ба таври расмӣ ифтитоҳ гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии  «Китоби Теҳрон» ноширон аз 60 давлати дунё иштирок менамоянд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 11, 2023 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад