ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН-МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ. Сафари давлатии таърихӣ бо тадбирҳои бузург дар роҳи таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ

Май 20, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 16-19 майи соли 2023 ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари давлатӣ анҷом доданд.

Дар рӯзи нахустини сафари давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии «Шоуду»- и Пекин самимона ва бо шукуҳи хосса истиқбол гирифтанд.

Маросими истиқболи расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин умедвориҳои зиёди ҷониби ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистонро аз натиҷаҳои ин сафари давлатии таърихӣ собит менамуд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин 17 май нахуст аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян оғоз гардида, масъалаҳои муҳими ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд. Мусоҳибон доир ба муҳимияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла санаоати кӯҳӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави таҳкимбахшандаи муносибатҳои байниҳукуматӣ дар ин соҳаҳои афзалиятнок табодули афкор намуданд. Зимни вохӯрӣ муҳимияти ҷалби технологияҳои муосири чинӣ ба бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, сабзавоту меваҷот ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои пиллапарварӣ ва фармасевтӣ таъкид гардида, барои дарёфти иҷозати содироти бештари маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Чин пешниҳодҳои мушаххас ироа карда шуд.

Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян аз дидору мулоқоти самимӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ карда, онро имконияти хуби тавсеаи ҳамкории байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, хусусан дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат бо назардошти иқтисоди рақамию тиҷорати электронӣ, саноат ва технология, саноати кӯҳӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, содирот, фармасевтика ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ арзёбӣ намуд.

Дар ҳамин рӯз ҳамчунин мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсӣ-машваратии Ҷумҳурии мардумии Чин Ван Хунин доир гардид. Ҷонибҳо дар вохӯрӣ масоили таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин дар соҳаи амниятро муҳокима карда, ба рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳизбӣ ва сохторҳои дигари ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуданд.

Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ масоили марбут ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва иҷтимоиёт баррасӣ гардид.

17 май ҳамчунин дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжен масоили рушду тавсеаи бештари ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.

Муҳимияти сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои барои давлатҳо афзалиятнок таъкид карда шуд. Зимни мулоқот асосан ба масъалаи рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои нақлиёт, аз ҷумла мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки роҳу нақлиётӣ, тавсеаи долонҳои транзитӣ, такмилу навсозии гузаргоҳи Қулма-Қаросӯ, оғози татбиқи марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Душанбе-Қулма ва васеъ кардани ҷуғрофияи алоқаи ҳавоии байниҳамдигарӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои дигари ояндадор, ба мисли энергетика, саноат, коркарди сарватҳои зеризаминӣ, кишоварзӣ, тиҷорати электронӣ, сармоягузорӣ, таъсиси базаи истеҳсоли “технологияи сабз” дар Тоҷикистон, сайёҳӣ ва ҷалби сармоя барои инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон, илм ва техникаву технология таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.Қисмати асосӣ ва маросими расмии сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 18 май дар шаҳри Сиани музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки тадбирҳои омодагӣ барои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Саммити нахустини сарони давлатҳои «Чин-Осиёи Марказӣ» анҷом дода шуда буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишону эҳтироми самимӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин истиқбол гирифтанд. Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин нахуст суҳбати хосса намуда, сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Чин баррасии масоили муҳими ҳамкории байнидавлатӣ, вазъ ва дурнамои онро идома доданд.

Зимни мулоқоту музокироти сатҳи баланд аз дастгириҳои Ҳукумати Чин ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз қабили тарҳҳои стратегӣ дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва саноати Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисоди «сабз» ва рақамӣ, инфрасохтор, электроэнергетика, сохтмону навсозии неругоҳҳои барқии Тоҷикистон ва бунёди хатҳои интиқоли барқро муҳокима намуданд.

Ҷалби технологияи муосир ва истифодаи таҷрибаи Чин дар рушди саноати миллӣ, кишоварзӣ, инфрасохтор, таъсиси корхонаҳои муштарак, иштироки ширкату корхонаҳои ин давлат дар ташкили паркҳои саноатӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Вобаста ба ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар масъалаи таҷдиди ширкати алюминии тоҷик «Талко» тадбирҳои муштараки зарурӣ андешида, барои татбиқи лоиҳаи ташкили истеҳсоли нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон иқдом менамоянд.

Таъкид шуд, ки истифодаи технологияи муосири Чин дар парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, сабзавот ва мева дар Тоҷикистон ба манфиати ҷонибҳо мебошад ва идомаи босамари ин тадбир метавонад дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳаҷми содироти ин намуди маҳсулоти хушсифати Тоҷикистон ба Чин мусоидат намояд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон аз пешниҳоди таъсиси долони иқтисодии Чин — Тоҷикистон — Афғонистони Шимолӣ ҷонибдорӣ карда, дар ин росто муҳим мешуморад, ки лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Варшез дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то гузаргоҳи Қулма-Қаросу ва таҷдиди гузаргоҳи Қулма-Қаросу таҳия ва татбиқ карда шавад. Ин иқдом аз ҷониби роҳбари Чин мусбат арзёбӣ гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои барқарор кардани хатсайри ҳавоии Душанбе-Пекин, робитаҳо дар самти пешрафти инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон, истифодаи иқтидорҳо ҷиҳати рушди ҳамкории гуманитарӣ, аз ҷумла илму маориф ва афзоиши шумораи бурсияҳои таҳсилотии Чин барои Тоҷикистон муҳокима гардид.

Ҷонибҳо дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ дар ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, пурзӯр кардани талошҳоро ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ зарур шумурданд.

Бинобар вазъияти ноором дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ва зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният ва субот ҷонибҳо густариши ҳарчи зичтари сохторҳои марбутаи тарафайнро дар ҳалли ин масъалаҳо таъкид намуданд.

Зимни мулоқот аснои баррасии масоили глобалӣ ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим ва дастгирию ҷонибдорӣ ёфтани онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид гардид.

Сиан — ибтидои Шоҳроҳи бузурги абрешим ва заминагузори рушди ҳамкории муосири Тоҷикистону Чин

Агар аз таърихи шаҳри Сиан ёдовар шавем, пас гуфтан мумкин аст, ки аз ин шаҳр ҳазорсолаҳо қабл Шоҳроҳи бузурги абрешим ибтидо гирифтааст ва он дар масири ин шоҳроҳи таърихӣ ва мубодилаи байнидавлатию минтақавии молу маҳсулот нақши назаррас дорад. Дар ин шаҳри қадимии Чин дар таърихи муосири муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ҳазорсолаҳо қабл тавассути Шоҳроҳи бузурги абрешим асосан бо ҳам иртиботи тиҷоратӣ доштанд, саҳифаҳои нав боз карда шуд. Аз ҷумла, дар ин шаҳри таърихӣ ба оғози муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Вейнани вилояти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин, шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин асос гузошта шуда, дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои табодули дӯстона байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва амалигардонии Созишнома оид ба барқарории бародаршаҳрӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2023-2025 созишнома ва нақша чорабиниҳо ба имзо расонида шуд.Ҳамчунин дар ин рӯзи таърихӣ дар шаҳри Сиан Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ, Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба қабули таҷҳизоти экспертизаи судию тиббии муайян намудани ДНК, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иттилоотии Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Созишнома дар бораи расонидани кумаки бебозгашт байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба тавсеаи амиқи иқтисодию тиҷоратӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҷустуҷӯ ва наҷоти ҳавопаймоҳои гражданӣ, Протоколи тасдиқи рӯйхати лоиҳаҳои муштараки илмию техникӣ ҷиҳати маблағгузорӣ барои солҳои 2022-2023 байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти ангури тару тоза аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуд, ки ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ дар ин соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб афзалиятнок заминаи устувору воқеӣ мегузоранд.

Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2023-2025, Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкории таълимӣ ва илмию техникӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунтсии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳум байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Созишномаи қолабӣ байни КВД “Амонатбонк”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Чин, Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Чин дар бораи таъсиси Пажӯҳишгоҳи муштарак дар доираи иқдоми “Як камарбанд- як роҳ” оид ба ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои биологӣ, Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ дар соҳаи геология байни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази корҳои геологӣ-иктишофии Сиани Хадамоти геологии Чин, Созишномаи иловагии 5 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати “CNPC CENTRAL ASIA B.V” ва ширкати “TOTAL E&P TAJIKISTAN B.V” ба Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “KULOB PETROLEUM LIMITED”, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкат оид ба захираҳои Тибет Эверест”, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази “Zhongguancun Smart City co., Ltd” ва Ширкати “Huawei Technologies Tajikistan” оид ба бунёди Маркази миллии коркарди маълумот (Data Center) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи аксҳои моҳворавӣ байни Маркази инноватсия ва рушди илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази назорати фосилавии замини Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуд.

Аз ҳама натиҷаи хуб ва муҳими ин сафари давлатӣ дар маҷмуъ имзои 25 санади ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки дар сурати таъмини иҷро ва татбиқи нишондиҳандаҳои онҳо дар оянда ҳар яки ин санадҳо ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок мусоидат менамояд.

Тоҷикистон ва Чин: рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар ҷойи аввал

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар шакли суҳбати рӯ ба рӯ бо доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон вохӯрӣ гузарониданд, ки дар самти ҷалби сармояи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байнидавлатӣ иқдом ва ташаббуси ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад. Муҳимтар аз ҳама, ба ин восита таваҷҷуҳи доираи соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон афзун гардонида шуда, бахшҳои нави фаъолияти муштарак дар ин соҳаҳо пайдо карда мешавад. Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорони Чин дар солҳои охири ҳамкории байнидавлатӣ таҷрибаи беназир аст, ки дар сурати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои он таҳаввулоти бузурге дар ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин ба амал меояд.Дар вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорию сармоягузорӣ намояндагони беш аз 40 ширкати бонуфузи сармоягузорӣ ва тиҷоратии Чин иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ, аз ҷумла таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳамкориву шарикӣ дар самти пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ тавассути муҳайё намудани шароити мусоид манфиатдор мебошад.

Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегӣ ва бахшҳои афзалиятнок, бахусус энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Мавриди тазаккур аст, ки имрӯз дар мамлакат зиёда аз 170 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 8 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.

Қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯй кафолату имтиёз, аз ҷумла зиёда аз 100 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ муқаррар намудааст.

Узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва якчанд конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Тоҷикистон дорои иқтисоди бисёрсоҳаи рушдёбанда аст. Давлати мо бо тамоми сохторҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкории пурсамар ба роҳ монда, бо 110 давлати дунё робитаи иқтисодӣ дорад.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Чин имконият дод, ки соли гузашта ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол то 40 фоиз афзоиш ёбад.

Дар Тоҷикистон зиёда аз садҳо ширкат бо саҳми сармоягузорони чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт фаъолият мекунад.

Дар маҷмуъ, тайи 10 соли охир аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид гардидааст, ки беш аз 57 фоизи онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ширкатҳои чиниро ба самтҳои барои ҳар ду давлат судовар ва ояндадор, аз ҷумла барои ҳамкории муштарак дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, рушди саноати истихроҷи маъдан, металлургия, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, нақлиёт ва таъсиси марказҳои логистикӣ ҷалб намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ташаккули минтақаҳои саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои металлургӣ, истеҳсоли семент, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, коркарди нафт ва тавлиди маҳсулоти саноати кимиё метавонад аз самтҳои судманди ҳамкории ҷонибҳо бошад.

Дар мулоқот бо ширкатҳои бонуфузи Чин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба истифодаи имконоти мавҷуда дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ ба истеҳсол, коркард ва содироти меваю сабзавот андешаронӣ намуданд.

Тоҷикистон ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи афзалиятноки сайёҳӣ дар панҷ соли охир барои сармоягузорон ва ширкатҳо баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ имтиёзу сабукиҳои ҷолиб пешниҳод намуд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз доираҳои соҳибкории Чин барои боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварда, изҳор доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, то пешниҳодоти сармоягузорони чиниро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории муфид дар самтҳои афзалиятноки зикргардида бодиққат омӯзад ва дастгирӣ намояд.

Аз ҷумла, дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохтории Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷин Лисун, муовини Директори кулли “Ширкати BYD — Осиёи Марказӣ” Иван Тсао, Раиси Шӯрои директорони Ширкати маъдани “Чжитсун Литий” Нан Ҷинси ва раиси Шӯрои директорони Ширкати кӯҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ мулоқот намуданд. Аз ҷумла, дар ин вохӯриҳо оид ба ҷудо намудани маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, хусусан корхонаҳои истеҳсоли нақлиёти барқӣ ва таҷҳизот барои онҳо ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ барои истихроҷу коркарди маъданҳо ва сарватҳои зеризаминӣ табодули афкор карда шуд, ки дар рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин метавонад нақши назаррас дошта бошад.

Чин-Осиёи Марказӣ — эътирофи воқеият: Эмомалӣ Раҳмон — сиёсатмадори машҳур ва тавоно дар минтақа ва ҷаҳон

19 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Сиан дар кори Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки дар шаҳри таърихии Сиан баргузор шудани ҳамоиш бисёр рамзӣ мебошад, зеро Роҳи бузурги абрешим маҳз аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, дар замони мо рушду эҳё меёбад ва барои ба ҳам наздик шудани давлатҳову мардумони мо хизмат мерасонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо дар ҷаҳон ва минтақа иброз доштанд, ки маҳз бо назардошти ин ҳолат аҳамияти ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” афзун мегардад

Дар ин росто Сарвари давлат мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъйид карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки давоми се даҳсола муносибатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому боварии мутақобила босуръат рушд ёфт. Дар ин росто мулоқот дар доираи саммити “Чин-Осиёи Марказӣ” метавонад заминаи нодир ва самараноке барои густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои мо гардад.

Таъсири манфии буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва иқтисодию молиявӣ, инчунин пандемияи коронавирус ва тағйирёбии иқлим ба талошҳои кишварҳо дар самти рушди устувор таъкид карда шуд ва пешниҳод гардид, ки рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва тиҷорат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, рақамикунонӣ, инноватсия ва технологияи «сабз» фаъол карда шавад.

Зимни баррасии масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо Президенти мамлакат ба сарони кишварҳо ҷиҳати дастгирии амиқ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Дар рафти суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки таъмини амнияти минтақавӣ аз мавзуъҳои мубрами кишварҳо буда, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи нашъаовар диққати махсус медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ ёдовар шуда, ҷонибдории худро аз қабули “Эъломияи Сиан” изҳор доштанд.

Ҷолибтарин лаҳзаи баргузории Саммити якуми «Чин-Осиёи Марказӣ» эътирофи ташаббусҳо ва тадбирҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилӣ мебошад.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар суханронии ҷамъбастии кори Саммити якуми «Чин-Осиёи Марказӣ» нисбат ба шахсияти бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки «Шумо, Ҷаноби Президент, дар байни мо, Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар баробари асосгузори давлатдории навини тоҷикон будан аз ташкилкунандагон ва таъсисдиҳандагони асосии бузургтарин созмони бонуфузи минтақавию байналмилалӣ- Созмони ҳамкории Шанхай мебошед.

Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷонибаву минтақавӣ нақши муҳим мебозед.

Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад».

Дар воқеъ, эътирофи шахсияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори бузургу пешқадам ва соҳибтаҷрибаи минтақа ва ҷаҳон дар кори як чорабинии бузурги минтақавию байналмилалӣ- Саммити якуми «Чин –Осиёи Марказӣ» аз ҷониби роҳбари аввали яке аз давлатҳои бузурги минтақа ва ҷаҳон- Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад, барои тамоми Тоҷикистон ва тоҷикони дунё мояи ифтихору сарфарозӣ мебошад. Ин эътирофи бузург аз ҷониби давлати бузург Тоҷикистонро машҳуртар ва тоҷиконро дар байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон боз ҳам сарфарозу сарбаландтар мегардонад. Мо дар шаҳри Сиан дар ҳамоиши бузурги минтақавию байналмилалӣ- Саммити якуми «Чин-Осиёи Марказӣ» баробари шунидани ин эътироф бори дигар аз Сарвари давлати тоҷикон ва аз тоҷик будани худ ифтихор кардем.

Нуктаи дигари қобили таъкид ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкории байнидавлатӣ ва дар асоси эҳтирому меҳмоннавозии анъанавӣ ва самимии тоҷикона аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом диҳанд, ки ин даъват бо камоли эҳтирому қаноатмандӣ пазируфта шуд ва муҳтарам Си Ҷинпин бо ин ҳама эҳтирому самимияти зиёд нисбат ба Сарвари давлати мо, албатта, меҳмони тоҷикон хоҳад шуд.

Ногуфта намонад, ки дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дода, масоили рушду густариши ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуданд.

Дар шаҳри Сиан ҳамчунин дар ҳошияи иштирок дар Саммити якуми «Чин-Осиёи Марказӣ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

Дар маҷмуъ, сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ҳар ду ҷониб аввалан самарабахшу пурбарор ва хотирмону таърихӣ буд. Бо назардошти аҳамияти бузурги давлатӣ, минтақавӣ ва сиёсиву иқтисодӣ доштани сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷараёни он дар матбуот, радио ва телевизиону дигар воситаҳои ахбори оммаи Чин ба таври фаврию васеъ инъикос карда шуда, таваҷчуҳи махсуси роҳбарияти кишвари мизбонро ба натиҷаҳои ин сафар собит менамуд.

Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Душанбе-Пекин-Сиан-Душанбе,
16-19 майи 2023,
АМИТ «Ховар»

АКС:Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

Май 20, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ширкати сармоягузории Озарбойҷон» бо «ТАЛКО» ҳамкорӣ менамояд
Дар Риёз масъалаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти маориф ва илм баррасӣ гардид
Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд