«Саноатсодиротбонк» ва «KazakhExport» дар оянда санади ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Май 3, 2023 16:32

ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ  «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории мутақобилан  судманд байни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон /КВД БССТ/ «Саноатсодиротбонк» бо ҶС ШСС «KazakhExport» зимни мулоқоти муовини раиси Раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» Ш. Муҳиддинзода ва ҳайати ҶС «ШСС «KazakhExport» таҳти роҳбарии Директори иҷроия А.Абилкаиров дар Душанбе баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» иттилоъ доданд, дар мулоқот  мусоҳибон масъалаи  ба имзо расонидани Эътиборнома барои сабукии кор ҷиҳати воридот ва содироти молу маҳсулот аз ҷониби соҳибкорони ду давлатро баррасӣ намуданд, ки он бояд дар кӯтоҳтарин муддат ба имзо расонида шавад.

Ҳамзамон зимни мулоқот дурнамои ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки ҷонибҳо ба амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар самти маблағгузории савдо омода мебошанд.

Инчунин гуфта шуд, ки воситаҳои суғуртакунонии содирот, ки аз ҷониби ҶС «ШСС «KazakhExport» пешниҳод мешаванд, яке аз воситаҳои мувофиқ ва самаранок барои гузаронидани амалиёт байни субъектҳои дорои фаъолияти хориҷӣ мебошанд.

АКС: КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»

Май 3, 2023 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад