Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Май 19, 2023 08:50

ДУШАНБЕ, 19.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон давлати сероб мебошад, дар шароити имрӯза ва бо назардошти манфиатҳои наслҳои оянда мо бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обро васеъ ҷорӣ намоем» — бо ин Сухани рӯз аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (нашри 100-101, 15 май) пешкаши хонандагон гардидааст.

Дар ободӣ аз вайронӣ мегӯям

Дар саҳифаи аввали шумораи номбаршудаи «Ҷумҳурият» мақолаи шоир, адиб ва журналисти нашрия Абдулқодири Раҳим чоп шудааст. Муаллиф аз ҳоли табоҳи Ганҷинаи нақди адабии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшинос ва мунаққиди машҳури тоҷик, устод Соҳиб Табаров нақл карда чунин навиштааст: «Ба ман дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон гуфтанд: «Ҳар чи дар вайронӣ дидед, дар ободӣ нагӯед». Ман ин як хоҳишро бо ҷону дил мепазируфтам, агар сухан дар бораи Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров ва вайронии оромгоҳи ӯву ҳамсари азизаш Ванда Витолдовна Яблонская намебуд. Инчунин агар соле пеш як гурӯҳ устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ин макон намеомаданду шоҳиди ҳол намешуданд. Гузашта аз ин, агар соли оянда 100 —  солагии ин устод, машҳур ба Белинскийи тоҷик намебуд». Дар идома муаллиф таассуроти худро аз дидани Ганҷина навишта, хизматҳои шоистаи адабиётшиноси нотакрор Соҳиб Табаровро ёдовар шудааст. Муаллифи мақола пешниҳод кардааст, ки муносибат нисбат ба Ганҷинаи С.Табаров тағйир дода шавад. Дар ҳамин шумораи нашрияи расмии мамлакат мақолаҳои «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат табиатро аз хатари нобудшавӣ ҳифз мекунад», «Мурғоб, шакли муосири боғдорӣ», «Паём – чароғи роҳи рушд» пешниҳоди хонандагон шудааст.

Вохӯриҳои судманд

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» аз 16 майи соли 2023 хабарҳои расмӣ оид ба мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Корея, Котиби калон оид ба стратегияи оянда Ҷанг Сангмин, Комиссари олии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллияти миллӣ Кайрат Абдураҳмонов, суҳбати телефонӣ бо Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслаҳати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов чоп шуда, гузориши муфассал аз таҷлили 60-солагии фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб дар Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб пешкаши хонандагон шудааст. Нашрия ҳамчунин мақолаҳоро бо сарлавҳаҳои «Пахта. То хоҷагиҳо ҳавасманд нашаванд…», «Барномасозӣ. Чаро духтарон ба он бештар рӯ меоранд», «Тоҷикистон. Таҳлили ихтисосӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии худӣ» нашр кардааст.

Сафари давлатии Пешвои миллат дар Чин

Шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» аз 17 майи соли 2023 оид ба сафари давлатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии мардумии Чин, мулоқоти Сарвари давлат бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян хабарҳои расмӣ нашр кардааст. Иттилоъ дода шудааст, ки зимни мулоқот бо  Ли Тсян маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шудааст, ки муомилоти молӣ байни давлатҳо соли гузашта 40 фоиз афзоиш ёфтааст. Зимни мулоқот масоили робитаҳои ду мамлакат дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва ҳамкорӣ дар саноати кӯҳӣ муҳокима шуда, ҷалби технологияҳои муосири чинӣ ба бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, сабзавоту меваҷот ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои пиллапарварӣ ва фармасевтӣ амри зарурӣ дониста шуд. Мавриди тазаккур аст, ки зимни сафари расмӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити сарварони давлатҳои «Чин + Осиёи Марказӣ» иштирок ва суханронӣ мекунад.

Дар шумораи мазкури нашрия инчунин мақолаи ҷолиб оид ба омӯзгори эҷодкор Матлуба Турсунова таҳти сарлавҳаи «Шоҳбонуе аз диёри устод Айнӣ» чоп шудааст, ки ҳатман ба хонандагони нашрия писанд меояд.

Аз бунёди роҳ то метро

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 15 майи соли равон оид ба сафари кории Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи махсуси Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ва  иштироки Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки 18 майи соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус доир мегардад, иттилоъ нашр кардааст. Нашрия бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо сарлавҳаи «Номзадкунии бармаҳал ва пайомадҳои манфии он» фикру мулоҳизаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Муҷибахон Ҷавҳариро нашр кардааст. «Умдатарин пайомади манфии номзадшавии бармаҳал- ин бе ихтисос ва бе касб мондани модари оянда аст. Суоле пеш меояд, ки дар авҷи рушди илму техника модари оянда, ки талош барои соҳибихтисос шудани хеш надорад, чӣ гуна ба фарзандонаш тарбия медиҳад? Олами ахлоқу адабро чӣ сон ба рӯи фарзандаш мекушояд? Магар дар ин муҳит олиму нависанда, ихтироъкору кашшоф ба воя мерасад? Корбарон омӯхтаанд, ки маҳз номзадшавии бармаҳал сабаби пошхӯрии оилаҳо мегардад. Сабаби асосии пошхӯрии оилаҳо омода набудани зану шавҳар ба зиндагии якҷоя ва дахолати шахсони калонсоли хонадон аст»- чунин навиштааст муаллиф.

Мақолаи «Минҳоҷ Ғуломовро душманони илму маърифат куштанд» бо чунин пешгуфтор: «6 майи соли 1996 аз дасти қотилони хуношоми наҳзатӣ риштаи умри ходими намоёни давлатӣ ва илми тоҷик, доктори илмҳои тиб, узви вобастаи Академияи илмҳои тибби ИҶШС, профессор Минҳоҷ Ғуломов барканда шуд. Аз ин фоҷиа солҳои зиёде гузашта бошад ҳам, аммо кору пайкор ва хидматҳои шоёни ин ходими сарсупурдаи илми тоҷик дар хотираи аҳли илму адаб ва фарҳангу маърифат нақши ҷовидон дорад» — оғоз гардида,  сипас аз хизматҳои шоёни ин олими намоёни тибби тоҷик нақл мекунад.

Шумораи навбатии «Садои мардум» аз 17 майи соли равон оид ба иштирок ва суханронии Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи махсуси парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 100-солагии Ҳайдар Алиев хабари муфассал чоп кардааст. Дар ҳамин шумора мусоҳибаи хабарнигори нашрия бо муовини Вазири нақлиёти мамлакат нашр шудааст. Мусоҳиб Раҳим Бобозода иттилоъ додааст, ки давоми панҷ соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 5 миллиарду 238,7 миллион сомонӣ амалӣ гардида, 250 километр роҳи автомобилгард, 42 пул, 4 долони зиддитармавӣ, 2 эстакадаи дусатҳа ва 2 эстакадаи сесатҳа бунёд шудааст.  Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе бунёди метрои рӯизаминӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус бо Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Корея «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ барои асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва омода кардани мутахассисони маҳаллӣ барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва истифодаи технологияҳои муосири Ҷумҳурии Корея дар самти нақлиёти метро» ба имзо расидааст. Шарту талабот, арзиши лоиҳаи мазкур ва шароити масири эҳтимолии сохтмони роҳи оҳани шаҳри Душанберо, ки тибқи нақшаи генералӣ аз дарвозаи Ҷанубӣ то Сирки давлатӣ ба масофаи 10,5 километр тӯл мекашад, ба назар гирифта, истифодаи нақлиёти роҳи оҳани шаҳрии LRT (системаи метрои сабук) мувофиқи мақсад дониста шудааст, — иттилоъ додааст нашрия.

23 ҷавони муваффақи ҷаҳон

Нашрияи Ҳукумати мамлакат бо забони русӣ «Народная газета» дар баробари нашри хабару мақолаҳои расмӣ оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ҳамчунин мақолаҳои «Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо пешсаф дар ҷаҳон аст», «Забон – кафолати эътирофи миллат аст», «Роҳҳои идора кардани боигариҳои табиат», «Имкониятҳои содиротии мамлакат зиёд мешаванд», «Аз дувоздаҳ мақом то мероси фарҳанги ғайримоддӣ»-ро ба мухлисони худ пешниҳод кардааст.

Нашрияи «Омӯзгор» оид ба натиҷаҳои сафари гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти сарлавҳаи «Вазъи таълиму тарбия дар Бадахшон» мақолаи муфассали ҳисоботӣ нашр кардааст. Ҳамчунин нашрия мақолаҳои «Муаррифии дастовардҳои соҳаи маориф дар сатҳи байналмилалӣ», «Китоб неруи тавоност», «Фарҳанги мутолиа», «Таҳкими тафаккури техникӣ муҳим аст» ва дигар хабарҳоро аз ҳаёти омӯзгорон ва мактабҳои оливу миёна ба чоп расонидааст.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳар сол 23 май таҷлил карда мешавад, таҳти сарлавҳаи 23 чеҳраи варзишии сол оид ба 23 варзишгари мамлакат, ки дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ кардаанд, ҳамчунин оид ба 23 ҷавони муваффақи сол, 23 дастпарвари муваффақи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва 23 ҷавони муваффақи ҷаҳон маълумотномаи ҷолиб нашр кардааст.

Акрам САНГ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 19, 2023 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад