СУРАТ-ДАЛЕЛ. Либоси миллӣ нишонаи тамаддун ва фарҳанги қадимии тоҷикон аст
ДУШАНБЕ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» идома дошта, занону духтарони «Амонатбонк» низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули тоҷикона пироҳанҳои зебову мунаққаши атласу адрас ва чакан ба бар намуда, дар ташаббуси «Тоҷикона мепӯшем» фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд.
Бояд тазаккур дод, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат маҳсуб шуда, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан- модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат будааст.
Яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои дунё либоси миллии онҳо аст. Аз ин рӯ, пос доштани як ҷузъи фарҳанги хеш- либоси миллии тоҷикона, ки таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори ҳар миллат маҳсуб мешавад, барои ҳар зани тоҷик шарт ва зарур аст.
Сурат-далеле, ки пешниҳод мегардад, аз иштироки занон-кормандони «Амонатбонк» дар иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» шаҳодат медиҳад.
АКС: «Амонатбонк»













ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






