ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 май, панҷшанбе, 145-умин рӯзи соли 2023

Май 25, 2023 08:00

25 майи соли 1993 дар ҷараёни аввалин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва – пойтахти Федератсияи Русия якчанд ҳуҷҷати дуҷонибаи байнидавлатӣ ба  имзо расид, ки ба рушди муносибатҳои минбаъдаи ҳуқуқию дипломатии ду давлат замина гузошт.

***

25 майи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

6 сол пеш, 25 майи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён мулоқот баргузор карданд. Зимни мулоқот ба ҳамкории густурдаи дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва сайёҳӣ мароқ зоҳир гардид. Ҷонибҳо доир ба масоили вазъи амниятии ҷаҳони ислом, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва пешгирию бартараф кардани хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир ҳамфикрӣ баён карда, барои тақвияти ҳамдастӣ дар ин самт дар шакли барои ҷонибҳо мақбулу муҳим изҳори омодагӣ намуданд.

 25 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии ғадуди сипаршакл.

***

Рӯзи байналмилалии кӯдакони гумгашта.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология.

***

Дар Русия — Рӯзи адабиётшиносон.

***

Рӯзи озодкунии Африқо.

***

Дар Урдун — Рӯзи истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

19 сол пеш, 25 майи соли 2004 дар сарҳади Тоҷикистону Чин нуқтаи назоратии Қулма-Қаросу  ба истифода дода шуд.

***

25 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми соҳибкорони Покистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2021 дар шаҳри Бохтар форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва намоишгоҳи «Бохтарфуд-2021» оғоз ёфт. Дар Форум намояндагон аз давлатҳои Узбекистон, Афғонистон, Русия, Беларус, Эрон, Украина ва намояндагони  барномаи  ЮСАИД  иштирок карда, дар майдони 70-солагии  водии Вахш  маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва босифат, инчунин маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон  ба намоиш гузошта шуд.

***

Соли 2021  дар Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон маҳфили маҷозии бузургдошти 80- солагии Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Лоиқ Шералӣ бо суханронии намояндагони аҳли адабу фарҳанги ду мамлакат  баргузор гардид.

 ***

Соли 1962 дар шаҳри Киеви Украина ҳафтаи адабиёти тоҷик оғоз гардид.

Май 25, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш