«ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА НАҚШАҲОИ ОЯНДАИ ТАБИБОНИ СИЛШИНОС». Дар Душанбе вобаста ба ташхису табобати беморӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд

Май 19, 2023 13:35

ДУШАНБЕ, 19.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи USAID дар Осиёи Марказӣ, Маркази сиёсат ва тадқиқоти тандурустӣ (Маркази PAS) аз 16 то 18 май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Табодули таҷриба ва нақшаҳои ояндаи табибони силшинос» машғулияти омӯзишӣ баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар он роҳбарияти вазорат, намояндагони Парлумони мамлакат, созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин рӯзноманигорон ва блогерҳо аз давлатҳои Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Аврупои Шарқӣ-  Молдова ва Гурҷистон иштирок намуда, ҳадафҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро дар пешорӯи ҷаласаи сатҳи баланди Ассамблеяи генералии СММ оид ба бемории сил, ки моҳи сентябри соли 2023 баргузор мешавад, баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки маҳз бо кӯшишу талош ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат давоми солҳои охир сатҳи гирифтории шаҳрвандон ба бемории сил коҳиш ёфта истодааст.

Тазаккур дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ баҳри ташхису табобати гирифторони бемории сил шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2023 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд