Темур Раҳимов мавқеашро дар ҷои аввали раддабандии ҷаҳонии ҷудо нигоҳ дошт
ДУШАНБЕ, 16.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ҷудо пас аз натиҷагирии Чемпионати ҷаҳон раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпиро бозбинӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи раддабандии нав, Темур Раҳимов дар вазни +100кг мавқеашро дар ҷои аввал нигоҳ дошт. Темур Раҳимов, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар Давҳа сазовори ҷои панҷум гардид, 720 хол гирифт ва шумораи умумии холҳояш ба 6050 расид.
Мавқеи Комроншоҳ Устопириён (-90кг) дар ҷои 16, Сомон Маҳмадбеков (-81кг) дар ҷои 32 тағйир наёфт. Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) 20 ҷой, Шаҳбоз Саидаброров (-66кг) 15 ҷой, Шодмон Ризоев (-81кг) 11 ҷой, Абубакри Акобир (-100кг) 11 ҷой, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) 3 ҷой ва Эмомалӣ Нуралӣ 2 ҷой боло шуданд.
Дар раддабандии олимпӣ Темур Раҳимов дар ҷои дуюми вазни +100кг, Эмомалӣ Нуралӣ дар ҷои 11-уми вазни -66кг, Комроншоҳ Устопириён дар ҷои 22-и вазни -90кг ва Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 34-и вазни -81кг мавқеъ гирифтаанд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






