Тоҷикистон содироти ангурро ба Чин шуруъ менамояд
ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 18 май дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти ангури тару тоза аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар бораи ин санад иттилоъ доданд, Протокол бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ барои манфиат ва беҳбуди мардуми давлатҳои худ, инчунин баҳисобгирии мавқеи асосии бахши аграрӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ба имзо расидааст.
Ба имзо расидани протоколи мазкур ба ташкил ва фароҳам овардани шароит дар барқарор намудани равобити бевоситаи субъектҳои соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати содироти ангури тару тоза аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, назорати сифати майдони токзори мавҷуда, беҳтар намудани мубориза бар зидди организмҳои зараррасони карантинӣ, зиёд намудани ҳосилнокии токзор, ҳавасманд гардонидани хоҷагиҳои ангурпарвар ва дар маҷмуъ баҳри беҳтар гардидани вазъи иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 16-19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд. Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин аз рӯи натиҷаҳои он дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






