10 ихтисоси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гаштанд

Июнь 23, 2023 10:38

ДУШАНБЕ, 23.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 ихтисоси Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гаштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.

Дар робита ба ин 20 июн дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими тақдими шаҳодатномаҳо аз рӯи натиҷаҳои аккредитатсияи байналмилалии барномаҳо баргузор гардид. Шаҳодатномаҳоро дар бораи гузаштани расмиёти бақайдигирии байналмилалӣ барои 10 ихтисос ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) Алина Жумагулова супорид.

Таъкид гардид, ки ин дастоварди муҳими Донишгоҳи миллӣ на танҳо натиҷаи меҳнати софдилонаи тамоми ҳайати кормандони ин даргоҳи илму маърифат, балки намунаи олии банақшагирии стратегии раёсати ин муассисаи таълимӣ мебошад. Эътироф гардидани барномаҳои таълимии донишгоҳҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз тамоюлҳои рушди таҳсилоти муосир ба шумор меравад, зеро ин на танҳо мақоми ҳар як донишгоҳро боло бурда, онро ба сатҳи сифатан нав мерасонад, балки инчунин ба эътирофи нуфузи он дар майдони байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 10 барномаи таълимии кластерҳои ҳуқуқӣ, тиббӣ ва табиатшиносӣ аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои бақайдгирӣ ба Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Қазоқистон) пешниҳод шуда буданд.

АКС:  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Июнь 23, 2023 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд