25-30 июн дар шаҳри Душанбе якумин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 18.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25-30 июн дар шаҳри Душанбе бо иштироки варзишгарони 30 давлати ҷаҳон баргузории якумин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин чорабинӣ омодагӣ барои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гўштингирӣ мебошад, ки тибқи Тақвими байналмилалӣ доиршавии он моҳи сентябри соли равон дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор гардид. Дар он намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии рушди соҳаи варзиш- ин эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ мебошад, ки ҳамчун рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат ба ҳифзи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона гардидааст.
Ин аст, ки зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ- гӯштингирӣ аз нав эҳё ва рушд ёфта истодааст.
АКС: манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






