Аз 6 то 9 июн гурӯҳҳои таблиғотӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон бо сокинон суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд
ДУШАНБЕ, 07.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 9 июн дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳои инфиродиву гурӯҳӣ анҷом медиҳанд. Дар ин суҳбату вохўриҳо дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара 27 апрели соли равон баён гардиданд, тавзеҳ дода мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, ба гурўҳҳои мазкур роҳбарони мақомот, олимону муҳаққиқон, адибону рӯзноманигорон, собиқадорони меҳнат шомил гардидаанд.
Гурўҳе, ки роҳбарии онро сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода ба зимма дорад, чунин як вохўриро бо сокинон дар маҳаллаҳои Навобод, Зархез ва Зарбдори шаҳри Бохтар бо усули «хона ба хона» доир намуд.
Дар суҳбатҳо дастуру тавсияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоташон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара, 27 апрели соли ҷорӣ баён гардиданд, шарҳ дода шуд.
Ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷилавгирӣ аз тақлиду пайравӣ ба фарҳанги бегона, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи самарабахши қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, захираи маводи озуқа, омодагӣ ба фасли зимистон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи мавзуъҳои меҳварии ин суҳбату мулоқотҳо буд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






