Беш аз 20 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз «UzTextile Expo Spring» боздид намуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва мӯди «UzTextile Expo Spring» робитаҳои мустақими тиҷоратӣ барқарор намуда, имконияти ҳамкориро тавсеа дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) иттилоъ доданд.
Намоишгоҳ аз 29 то 31 май дар шаҳри Тошканд баргузор гардида, дар он намояндагони 23 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои омӯзиши равандҳои нав, харидории маводи хоми зарурӣ, ба монанди риштаи омехта, аксессуарҳо ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ дар намоишгоҳ иштирок намуданд.
«UzTextile Expo» намоишгоҳи байналмилалии нодир ва махсуси соҳаи нассоҷӣ ва мӯд дар Осиёи Марказӣ буда, ҳар сол аз он бештар аз 9000 коршинос, соҳибкор ва тоҷир боздид мекунад. Дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи нассоҷӣ ва мӯд аз истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ дар тамоми занҷираи истеҳсолот – аз нахи пахта то либоси тайёр ба маъраз гузошта мешавад. Чорабинӣ ҷиҳати дарёфти шарикон дар Узбекистон- бозори калонтарини Осиёи Марказӣ бо бештар аз 34 миллион харидор кумак мекунад.
Муовини мудири ширкати «Business Consulting Group» Ардашер Иброҳимов гуфт, ки намоишгоҳи Тошканд макони ихтирооти инноватсионие аст, ки ба соҳаи дӯзандагӣ илҳом мебахшад. Ширкатҳои мо имкон пайдо карданд, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф созанд.


Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин аз барномаи васеи тиҷоратӣ, ба монанди ҳамоишу вохӯриҳои тиҷоратӣ, намоишҳои мӯд, мастер-классҳо аз ҷониби тарроҳони маъруф ва коршиносони соҳа ва ғайра баҳра бардошт. Соҳибкорони тоҷик дар яклухтфурӯшиҳо ва шоу-форумҳои ширкатҳо ва тоҷирони маҳаллӣ дар шаҳр ва вилояти Тошканд имконияти ҳамкорӣ ҷустуҷӯ намуданд.
Мудири ширкати «Ортекс» Абдурозиқ Орипов мегӯяд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ бароямон хеле ҳам муфид буда, он имкони хубе фароҳам овард, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаҳои мустақим барқарор намоем ва бозори фурӯш ва хариди ашёи хомро васеътар созем. Дар намоишгоҳ иттилооти зиёди зарурӣ доир ба трендҳои замонавии соҳа низ дарёфт кардем.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ҷиҳати рақобатпазирии бештар дар бозорҳои минтақавӣ, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумоти нав доир ба соҳа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имконоти фаровон фароҳам меорад.
Боздид аз намоишгоҳи Тошканд барои ҳайати Тоҷикистон бо ибтикори муштараки МТБ ва GIZ дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
АКС: Маркази тиҷорати байналмилалӣ








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид






