Дар Агентии хизмати давлатӣ бо хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар Ҷопон вохӯрии маҷозӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии маҷозӣ бо хизматчиёни давлатии Тоҷикистон, ки айни замон дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии мазкур хабар доданд.
Вохӯрии маҷозии мазкур бо гурўҳи 13 ва 14-и стипендиатони «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», ки дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷопон аз соли 2020 таҳсил доранд, ташкил гардид.
Зимни вохӯрӣ талаботи меъёрии ҳуқуқии шартномаи сеҷониба, саривақт аз худ намудани кредитҳои таълимӣ, навиштани рисолаи илмии таҳқиқотӣ ва ҷамъбасти он, хатми муваффақонаи таҳсил дар зинаи магистратура ва докторантураи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон, Донишгоҳи Хиросима ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Ҳамзамон вобаста ба шароити будубоши хизматчиёни давлатӣ, иштироки онҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ, тарғиби фарҳангу таърихи миллӣ, имкониятҳои таҳсил ва табодули таҷриба бо хизматчиёни давлатии Ҷопон изҳори назар карда шуд.
Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар Ҷопон зимни вохӯрӣ миннатдории худро барои таъмини таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар хориҷи мамлакат, маҳфуз нигоҳ доштани ҷойи корӣ дар мақомоти давлатӣ дар давраи таҳсил ва пайваста зери таваҷҷуҳи мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ қарор доштанашон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.
Онҳо изҳор намуданд, ки бо сари баланд зинаи таҳсилро дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон хатм намуда, барои пешрафти давлат ва соҳаҳои фаъолияташон ҳамчун мутахассиси сатҳи байналмилалӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид






