Дар Бадахшон ҳамоиши гирандагони Стипедияи президентӣ баргузор шуд

Июнь 25, 2023 09:54

 ДУШАНБЕ, 25.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23 июн бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Таъкид гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба дастовардҳои баланд ноил гардидан дар соҳаи маориф ва аз худ намудани донишҳои замонавӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳо ва қонунҳо ба тасвиб расида, баҳри пешбурди ин соҳаи ниҳоят афзалиятнок чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд.

Маҳз таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату ҳукумати  мамлакат нисбат ба  ин соҳа буд, ки якчанд имтиёзҳо, аз ҷумла Стипедияи президентӣ барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ роҳандозӣ гардид, ки сол ба  сол теъдоди гирандагони он дар мамлакат меафзояд.

Тазаккур дода шуд, ки насли наврас ва ҷавон ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат қарор доранд ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пайдо намудани имкониятҳо барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва муосир чораҷӯӣ намуда истодааст.  Аз ин рӯ ҷавононро зарур аст дар ҷавоб ба ин гуна ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош кунанд, то ки дар оянда барои Ватани худ содиқонаву софдилона хизмат намоянд.

Боиси ифтихор аст, ки  бо иқдомҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат аз 1 сентябри соли 2021 теъдоди гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 400 ба 3000 адад расонида шуд, ки ин ҳам давоми дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат ба қишри ояндасозӣ миллат – ҷавонон ва наврасон мебошад.

Дар охир ба гирандагони Стипендияи президентӣ маблағи пулӣ тақдим карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 25, 2023 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид