Дар Бадахшон ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ гардиданд

Июнь 15, 2023 11:42

ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ҳамаи ғолибон ва кормандони соҳаи маориф, бахусус омӯзгоронро бо дастовардҳои назаррас табрик намуда, таъкид дошт, ки дар ҷамъияте, ки ҳалқаи робитаи оилаву мактаб дар он мустаҳкам буда, мақомоти давлатӣ масъулияти бар дӯш доштаро дар ҷодаи таълиму тарбияи сазовори насли наврасу ҷавон сарбаландона иҷро менамояд, чунин натиҷаҳо пайваста ба даст омада, таҳкурсии илму маорифи он боз ҳам таҳким меёбад.

Имрӯз дар фазои ваҳдати комили миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кӯшиш бар он доранд, ки ҷиҳати рушду равнақи ҳамаи зинаҳои соҳаи маориф ва илм, тадбирҳои судманду ба талаботи замон мувофиқро амалӣ намоянд. Зеро инкишофу тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба сатҳи илму маориф вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатӣ соҳаи илму маорифро меҳвари асосии пешрафт ва рукни муҳими иқтидори сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ намуда, имкониятҳои бузурги молиявию моддиро барои фаъолият ва натиҷаи самараноки ин ду соҳа равона месозанд.

Ҳазорҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томакатабӣ дар ҷумҳурӣ бунёд гардида, пояҳои моддию таҷҳизотии онҳо низ комилан таҷдиду таъмин карда шуд.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки дастовардҳою комёбӣ, аз он ҷумла натиҷаҳои олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои зеҳнӣ гувоҳи он ҳастанд, ки мо дар роҳи дуруст қарор дорем ва бояд ҳаракати худро суръату сифати нав бахшем. 118 мақоми сазовор, ки шогирдони мо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва 14 ҷойи баланд, ки дар озмунҳои байналмилалӣ ба даст оварданд, бозгӯи он аст, ки омӯзгорон, волидайн ва шогирдон бо омодагии ҷиддӣ ба масъала муносибат намудаанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ бархе аз омӯзгорон ва ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо Ифтихорнома, медал ва диплом сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 15, 2023 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд