Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Телевизиони таълимӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз, 17 июн дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ Телевизони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур.
Дар маросими кушодашавии Телевизони таълимӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва дигарон иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Ҳадаф аз таъсиси Телевизиони таълимӣ баланд бардоштани фаъолияти амалии донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ ва омода намудани журналистон дар соҳаи телевизион мебошад. Дар студияи мазкур дарсҳои амалии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума доир карда мешавад, ки барои малакаи корӣ пайдо намудани донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёну устодон машғулиятҳои амалиро дар паси дастгоҳҳои навтарини сабту наворбардорӣ ва таҳияву пахши гуфтору барномаҳо баргузор менамоянд.
Телевизиони таълимӣ мутобиқ ба талаботи замон бо техникаву таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар оянда фаъолияти телевизиони мазкур ҳамчун базаи моддиву техникӣ барои тамоми устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ хизмат менамояд.
Изҳори итминон карда шуд, ки Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар оянда барои беҳтару хубтар гардонидани сифати таҳсилот мусоидат хоҳад намуд.
Тазаккур дода шуд, ки дар муаррифии Тоҷикистон бо ихтисосҳои гуногун аз факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни соҳибистеъдод ҷалб гардида, вобаста ба мавзуъҳои рӯзмарра дастоварду пешрафти тамоми соҳаҳоро инъикос менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»





















Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






