Дар Хоруғ ба бунёди яке аз пулҳои дарозтарини мошингузар дар ҳудуди Бадахшон оғоз намуданд
ХОРУҒ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи марҳилаи чоруми «Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, корҳои сохтмонӣ дар пули мошингузар аз болои рӯдхонаи Ғунд оғоз гардид. Мутобиқи нақша, ин пули мошингузар пас аз 900 рӯз ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дарозии пул 200 метр ва паҳноии он 10 метр буда, фармоишгари сохтмон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи бунёди пулро «Корпаратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳ ва купрўкҳо» дар амал татбиқ менамояд.
Корҳои тахту ҳамворкунӣ дар маҳали сохтмон бо ҷалби 5 нафар коргарон ва як техникаи пуриқтидор шуруъ гардид. Дар сари роҳи ин пул ҳамчунин манзили чанд сокини шаҳр ҷойгир аст, ки бо пардохти маблағ ба соҳибонашон ин манзилҳо аз байн бардошта мешаванд.
Пас аз як ҳафта таҳкурсии дарозтарин пули мошингузару пиёдагард дар ҳудуди вилоят гузошта мешавад. Яке аз сабабҳои бунёд намудани пули мазкур аз болои дарёи Ғунд ин аз байн бурдани роҳбандӣ дар хиёбони марказии ба номи Исмоили Сомонии шаҳр мебошад.
Алъон дар баробари мошинҳои сабукрав нақлиёти бузурҳаҷми боркаш низ аз роҳи марказӣ мегузаранд, ки ин ба ҳаракати муназзами нақлиёту рафтуомади пиёдагардон халал расонда, роҳбандиро ба вуҷуд меорад.
Шаҳри Хоруғ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба таври бесобиқа симои худро тағъир дода, бунёди манзилҳои бисёрошёна низ сол аз сол дар ҳоли афзудан аст. Бо зиёд шудани аҳолӣ табиист, ки шумораи мошинҳои сабукраву боркаш ҳам бештар мегардад.
Бо зиёд шудани миқдори нақлиёти шахсӣ, ҳамчунин ҳаракати нақлиёти боркаш ба воситаи роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб роҳбандиро дар роҳи маркази вилоят — шаҳри Хоруғ мушкилоти зиёдеро ба бор меоварад. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин пул минбаъд мошинҳои боркаш аз канори шаҳр мегузаранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд






