Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад

Июнь 5, 2023 15:33

ДУШАНБЕ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тавассути пойгоҳи обкашии «Хоҷабоқирғон-1» 14 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ обёрӣ карда мешавад. Пойгоҳи обкашии мазкур дорои 24 агрегат буда, барои беҳтар намудани иқтидори обрасонии он 6 агрегати нав дастрас гардид, ки васлу насби он идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Хоҷабоқирғон-1» шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати фаъолияти бонизоми корхона ва таъмини саривақтии кишоварзон бо оби полезӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Роҳбари вилоят ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳия аз сойи Хоҷабоқирғон боздид кард.

Тибқи иттилои масъулин, тавассути сой то 3 метри кубӣ об ҷорӣ буда, минтақа бо оби полезӣ таъмин мебошад.

Бояд гуфт, ки дар маҷмуъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 33 адад пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, тавассути онҳо 22 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ обёрӣ карда мешавад.

Саҳми кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат назаррас буда, деҳқонон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Июнь 5, 2023 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ интихоб гардид
Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад