Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Ваҳдати миллиро ботантана таҷлил намуданд

Июнь 24, 2023 19:32

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа  таъкид шуд,  ки заминаи асосии ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ин  бо такя ба  хиради азалии мардуми  тоҷик  саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу шодӣ  расонд.

Иштирокдорон аз ваҳдату ягонагӣ ва хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва таъриху фарҳанги мамлакатро қарзи шаҳрвандӣ шумориданд.


Дар идомаи ҷаласа оид ба татбиқ шудани дастуру  супоришҳои Президенти мамлакат дар «Саноатсодиротбонк» маълумот дода шуда,  натиҷаҳои фаъолияти кории бонк аз санаи таъсисёбӣ то имрӯз  рӯнамоӣ  гардид.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз дар остонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ҳамчунин 3-солагии фаъолиятро  таҷлил намуд. Дар ин ҷамъомад  соҳибкорони фаъоле, ки мизоҷони бонк ҳастанд, бо «Сипосномаҳо»  қадрдонӣ  шуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Июнь 24, 2023 19:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1126 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3396 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд