Дар Тоҷикистон майдони 23 987 гектар ҳосили зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шуд

Июнь 4, 2023 11:25

ДУШАНБЕ, 04.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Тоҷикистон майдони умумии 23987 гектар зироати ғалладонагӣ, ки маҳсулоти асосии мамлакат маҳсуб мешавад,  ҷамъоварӣ гардид, ки  ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 42 сентнерро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ медиҳад.

Дар мамлакат ба ҳолати 30 майи соли равон дар майдони 288670 гектар барои ҳосили соли 2023 кишти ғалладонагӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, кишти гандум 203 101 гектар буда, дар майдони 19881 гектар ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосилнокӣ 43 сентнерро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки кишоварзони мамлакат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки обу замин, риояи агротехникаи парвариши зироат, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва гузаронидани кишти такрорӣ ва истифодаи пурсамари замин диққати махсус зоҳир менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 4, 2023 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд