Дар вилояти Хатлон амалиёти «Нелегал — 2023» оғоз гардид

Июнь 20, 2023 15:47

ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар вилояти Хатлон  амалиёти «Нелегал — 2023» оғоз шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят.

Амалиёти мазкур дар ду марҳила аз 19 то 25 июни соли 2023 бо номи «Нелегал-Трафик» ва аз 2 то 8 октябри соли 2023 бо номи «Нелегал-Кордон» баргузор мегардад.

Амалиёт бо ҷалби қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои масъули раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад.

Мақсад аз баргузории амалиёт санҷиши тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва иншооти корӣ, ошкор намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки бе раводид, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, бе иҷозат барои кор ва шиносномаҳои беэътибор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, иборат мебошад.

Амалиёти «Нелегал-2023» айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Июнь 20, 2023 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад