Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҳамкориро бо Шӯрои олимпии Осиё тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 19.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) Отабек Умаров, ки дар Гран Прии Душанбе иштирок дошт, ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва бошукуҳ ташкил ва баргузор намудани аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо – Гран Прии Душанбе, баҳои баланд дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Гран-прии Душанбе 315 варзишгар аз 40 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Аз рӯи натиҷаи мусобиқаи Гран-прии Душанбе — 2023 мунтахаби ҷудои Тоҷикистон мақоми аввалро касб намуд. Варзишгарони мо 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷиро ба даст оварданд.
Зимни мулоқоти Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир бо ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) Отабек Умаров ҷонибҳо масъалаҳои рушди варзиш дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҷудоро баррасӣ намуданд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






