ФУТБОЛ. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Ҳонгконг (U-23) бозиро мусовӣ намуд

Июнь 16, 2023 08:44

ДУШАНБЕ, 16.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо мунтахаби Ҳонконг бозии дӯстона анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозӣ дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Ҳисобро дар дақиқаи 67-ум Шуҳрат Элмуродов боз намуд. Мунтахаби Ҳонгконг тавонист дар дақиқаҳои иловагӣ аз бохт наҷот ёбад. Слэттери Мэттю Люк ба задани гол мушарраф шуд.

Ёдовар мешавем, ки 19 июн мунтахабҳои олимпии Тоҷикистон ва Ҳонгконг дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бозии дӯстонаи дуюмро баргузор мекунанд. Бозӣ  соати 17:30 оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 16, 2023 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд