ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Имрӯз рӯзи дуюми мусобиқа доир мешавад
ДУШАНБЕ, 03.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 июн қувваозмоиҳои рӯзи дуюми Гран-прии Душанбе-2023 оид ба дзюдо, ки дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, доир мегарданд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа варзишгарон дар вазнҳои то 73 кг ва 81 кг байни мардон ва дар вазнҳои то 63 кг ва 70 кг байни занон рӯи гилеми гӯштингирӣ мебароянд.
Имрӯз 9 варзишгари тоҷик ба гилеми гӯштингирӣ мебарояд.
То 73 кг:
— Беҳрӯз Хоҷазода – Оразгелди Уралов (Қазоқистон), даври дуюм
— Муҳаммадшариф Наҷмиддинов — Ҷавоҳир Сапаров (Узбекистон)
— Абубакр Шеров — Руслан Головач (варзишгари фардии бетараф)
— Мирзоҷамил Рамазонов – Адам Стодолский (Лаҳистон), даври дуюм
То 81 кг:
— Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Келл Берлинер (ИМА) — Ҳикматиллоҳ Тӯраев (Узбекистон) қувва меозмояд.
— Шодмон Ризоев — Де Риддер Мартена (Австралия)
— Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода — Павел Ҷимал (Лаҳистон)
— Сайфиддин Сайфиддинзода — Нуржан Биссенов (Қазоқистон)
То 63 кг:
— Мавлуда Одинаева — Дарханбатбаяр Есуи (Муғулистон)
Дар рӯзи аввал ҷудочиёни Тоҷикистон Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг) медали биринҷӣ ва Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали тилло ба даст оварданд,
Пайрав ҚОСИМ,
Тоҳир САИД (АКС)








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






