Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад

Июнь 3, 2023 17:18

ДУШАНБЕ, 03.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Табибони ИМА муайян кардаанд, ки дар шахсоне, ки то пандемияи COVID — 19 аз бехобӣ азият намекашиданд, эҳтимоли пайдоиши аломати баъдазковидӣ тақрибан 27-28% коҳиш меёбад. Хулосаҳои олимон дар мақолаи маҷаллаи JAMA Network Open нашр шудаанд.

Муҳаққиқон навиштаанд, ки «мушоҳидаҳои мо дар бораи вазъи саломатии ду ҳазор корманди тиббие, ки аз ковид шифо ёфтаанд, нишон дод, ки сифати хуби хоби пеш аз пандемия ва дар давраи эпидемияи ҷаҳонии COVID-19 хатари пайдоиши шаклҳои гуногуни аломати баъдазковидиро тақрибан 27 — 28% коҳиш додааст».

Як гурӯҳ табибони амрикоӣ таҳти сарварии Ван Сивен, корманди илмии донишгоҳи Ҳарвард таваҷҷуҳ кардаанд, ки чӣ гуна мушкилоти хоб ба эҳтимоли пайдоиши аломати пас аз COVID таъсир мерасонад. Барои ҷавоб додан ба ин савол олимон маълумотеро, ки дар доираи барномаи мониторинги NHS-II ҷамъ оварда шудааст, таҳлил карданд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, қисми зиёди иштирокчиёни NHS-II дар мавҷҳои аввали пандемия- аз моҳи апрел то моҳи августи соли 2020 гирифтори коронавирус будаанд. Ван Сивен ва ҳамкорони ӯ аз ин истифода бурда, омӯхтанд, ки чӣ гуна мушкилоти хоб ба рушди аломати пасазковидӣ таъсир мерасонад.

Ҳисобҳои анҷомдодаи олимон нишон додааст, ки мавҷуд набудани мушкилоти хоб дар байни ҳамшираҳои шафқат ва кормандони соҳаи тиб- ҳам то оғози пандемия ва ҳам дар мавҷҳои аввали COVID-19 хатари пайдоиши аломати пас аз COVID-19-ро ба таври назаррас коҳиш додааст. Ба ҳисоби миёна, иштирокчиёни NHS-II, ки тарзи хоби хуб доранд, нисбат ба кормандони соҳаи тиб, ки бештари онҳо ин гуна мушкилот доштанд, 27-28% камтар аз он азоб кашидаанд.

Олимон чунин мешуморанд, ки ин эҳтимол ба он вобаста аст, ки вайроншавии хоб аксар вақт бо инкишоф ва шиддатёбии фосилаҳои илтиҳоби музмин ва дигар ихтилоли системаи иммунӣ ҳамроҳ аст. Илова бар ин, табибон истисно намекунанд, ки робитаи хоб ва аломати пас аз COVID-19 қисман ба он вобаста аст, ки вайроншавии хоб ба кори микрофлораи рӯда таъсири манфӣ мерасонад, ки дар танзими фаъолияти системаи иммунӣ нақши муҳим дорад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 3, 2023 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд