БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТОБОДИ НУСРАТБАҲОР. Андешаҳо дар ин мавзуъ

Июнь 23, 2026 08:44

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вожаи ваҳдат аз лиҳози тафсири луғавӣ маънои ягонагӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ, якхелагӣ, якрангӣ ва якнасақиро дорад. Вале барои тоҷику тоҷикистониён ин вожа ба маънои том муқаддас буда, зиндагии пурсаодати кунунӣ маҳз ба ваҳдат маншаъ гирифтааст. 29 сол қабл, ба шарофати азми қавӣ, ҷасорати беназир ва ҳисси баланди ватандӯстии фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсоз — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллӣ омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон гардид.

— Ин ҷашн пурмоҳият аст. Ҷашни ба ҳам омаданҳо. Ҷашни бастани паймону ба ҳам бовар карданҳо. Ҷашни бахшиши гуноҳҳо ва қатъи хунрезӣ. Ҷашне, ки бадхоҳии фарзандро бо қиблагоҳ, ки мутаассифона, он замон роиҷ буд, бо дасти бародар қатл шудани фарзанди падар ва хусумати модар ба духтарро анҷом бахшид. Созишномаи мавриди назар, ки бидуни тардид маҳсули хиради бениҳоят волои Абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, тавонмандӣ ва хирадмандии миллати соҳибтамаддуни тоҷикро ба маъраз гузошт. Шукрона бояд намоем, ки бо шарофати Пешвои ваҳдатофар дар муддати кӯтоҳ кишвари азизамон ба ваҳдатободи нусратбаҳор табдил ёфтааст.

Касе инкор карда наметавонад, ки рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз, аз ҷумла Рӯзи ваҳдати миллӣ, назокати хос доранд, ки бо мурури солҳо рӯзафзун шудани моҳияташон аз ҳамон ҷумла аст. Вазъи ҷаҳони муосир ба ҳама маълум ва барои мо дарси ибрат ва имкони қиёс аст. Дар заминаи ҳаводиси охир, аз ҷумла ҷанг байни давлатҳои олам арзишу моҳият ва таъиноти формулаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзафзун гардид. Дар айёми бениҳоят ҳассос (манзур солҳои аввали соҳибистиқлолӣ) тамоми ҷаҳду талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои он буд, давлати тоҷикон аз харитаи олам нест нашавад, миллат аз гушнагиву қашшоқӣ раҳоӣ ёбад ва мардум якдилона барои обод сохтани вайронаҳои ҷанг камари ҳиммат банданд. Роҳе, ки моро ба ваҳдати миллӣ расонид, на пайроҳаи кучак, балки шоҳроҳи пурмонеа, масири азхудгузаштанҳо, ҷодае, ки паймуданаш ҷонфидоиро металабид, маҳсуб мешавад.

Хушбахтона, Пешвои миллат ба сари баланд онро тай намуда, моро ба мурод расониданд. Бояд мадди назар дошт, ки ваҳдат на фақат дастархони пурғановат, балки сари баланд, таконбахши амалишавии ормон ва муҳимтар аз ҳама, замина барои фардои дурахшони миллату давлат маҳсуб мешавад. Комилан бо андеша ҳамфикрам, ки ваҳдати миллӣ на шиор, балки шуур бояд бошад.

Роҳбари давлат бо таҳаммулпазирӣ дар ҳамон солҳои мудҳиш ҷавонмардиро пеша намуда, зи тобиши хуршед паём доданд. Чун сухан дар бораи ваҳдати миллӣ равад, дар баробари дигар факту далелҳо пеши назар Хостдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон меояд. Ба ин деҳаи кӯҳистон, ки он айём макони амн набуд, сафар кардани Родмарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маънои том ҷонфидоӣ буд. Аз далелҳо бармеояд, ки он замон масъулин, онҳое, ки барои таъмини бехатарии Роҳбари мамлакат вазифадор буданд, бо рияои назокат қобили қабул набудани ин сафарро ёдрас шуданд. Вале Сарвари ҷасуру мушкилнописанд тамоми ишораву пешгӯиҳоро сарфи назар карда, ба маънои том ҷони худро ба гарав гузоштанд. Бо назардошти моҳият месазад аҳли ҷумҳурӣ суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Бигзор қурбон шавам, вале аз ҷодаи интихобкарда пас нахоҳам гашт»-ро амиқ омӯзанд, ба умқи маънии он сарфаҳм раванд ва хулосаи зарурӣ бароранд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аҳде барои истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ иқдом намуданд, ки аксарият, хоса мансабдорони вақт «аз сояи худ, аз баёни фикру шарҳи ғояи худ ва ҳатто аз нигоҳи ҳамсару ҳамсояи ҳарос доштанд». Дар ҳамон айёми ҳассосу ҳамзамон сарнавиштсоз, ки авзояш гаронтасвир буд, маҳз ҳамин фарзонафарзанди миллат дар сари минбар, анбуҳи мардум, мулоқот бо ҳамтоёни хориҷӣ, вохӯрӣ бо қумондонҳо бо ҷасорати тоҷикона ба иддаоҳои ба манфиатҳои милливу давлатӣ созгорнабуда посухи муносиб доданд. Тавонистанд аз манфиатҳои милливу давлатиро таври шоиста ҳимоя намоянд, барои бақои давлати тоҷикон замина фароҳам оранд.

Зимни шиносоӣ бо маъхазҳои таърихӣ маълум гардид, ки ба имзо расидани санаде, ки ба шарофати он дар мамлакатамон сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор гардид, иқдоми саҳлу сода набуд. Чор сол идома ёфтани ин раванд, аз 8 давр таркиб ёфтани он ва баргузории 21 вохурӣ, инчунин даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ ҷузъе аз ин раванд ба ҳисоб мераванд. Далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки маҳз вохуриҳое, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ замина гузошта шуд.

Хоса, мулоқоти Хосдеҳ шуълаи умедро дар қалби мардум афрӯхт, онҳо мутмаин гардиданд, ки ба шарофати фарзонафарзанди ваҳдатофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муноқиша хатм мешаваду рӯзгори пурсаодат оғоз. Ин мулоқот ва натиҷаи он, ки бо қаҳрамонии Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст, ба мардуми аз ҳамдигарнофаҳмӣ хаста муждаи баҳамоиро дод. Дар он айёме, ки силоҳ ҳукмфармо буд, ҷасорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона умеди шаҳрвандони ҷафокашида ва кафолати ҳифзи давлати ҷавони дар вартаи нобудӣ қарордошта ба шумор мерафт.

Кунун далели бебаҳс аст, ки мулоқоти Хосдеҳ марҳилаи сифатан нави ноил гардидан ба сулҳу суботро оғоз бахшид. Муҳимияти ин мулоқот боз дар он зоҳир мегардад, ки баробари бо сари баланд ба Ватан баргаштанашон (11 декабри соли 1996) Родмарди ваҳдатофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сулҳ» омода шавад. Бо мақсади мутмаин намудани шаҳрвандон ва аз байн бурдани нофаҳмиву монеаҳои мавҷуда фармони мавриди назар тавассути садову симо ба самъи мардум расонида шуд. Инчунин ин фармони таърихӣ дар дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (12 декабри соли 1996) қироат карда шуд.Чунин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва азми қавиву нияти комилан неки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки кохи бегазанди ваҳдати миллӣ эъмор гардад.

Дар маҷмуъ, вобаста ба раванди музокирот ва имзои ин ҳуҷҷати ба маънои том сарнавиштсоз зиёд гуфтаанду навиштаанд ва намехоҳам андешаҳоям такрори назари дигарон бошад. Агар ба он солҳои мудҳиши сипаришуда мунсифона назар намоем, бешак иқрор хоҳем шуд, ки он имтиҳони ҷиддӣ буд, ки халқи тоҷик зери роҳбарии Пешвои худ аз он бо сарбаландӣ гузашт. Ин дастовард, ба назари инҷониб, ба омилҳои асосӣ — дар лаҳзаи барои халқ муҳим ва тақдирсоз интихоби дурусти Роҳбар, яъне нақши Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва Пешвои ҳақиқии миллат, ки дард ва иллатҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро сари вақт дарк намуда, барои ислоҳи онҳо фидокорона мубориза бурданд, вобаста мебошад. Дар он шароити ниҳоят ҳассос ба шарофати иродаи матин, ақлу заковати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки ба низои дохилӣ хотима бахшида, мардуми парокандаи ҷумҳурӣ сарҷамъ шаванд.

Гузашти бисту нуҳ сол ва ҳаводиси ҷаҳони муосир собит намуданд, ки механизми гуфташуда бозёфти нодири ҳалли низои дохилӣ мебошад. Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: «Вазифаи муҳимтарин ва фаврии Ҳукумати навтаъсис ҳар чӣ зудтар хотима бахшидан ба ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани фаъолияти комилан фалаҷшудаи сохтору мақомоти давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва таъмин намудани онҳо бо шароити зарурии зиндагӣ ва кор буд. Дар ин раванд, фароҳам овардани фазои мусоид барои музокироти ҷонибҳо низ аз ҷумлаи корҳои аввалиндараҷаву бетаъхир ба шумор мерафт. Мо музокироти сулҳро бо мухолифини мусаллаҳ бо талабу дархост ва майлу иродаи халқи азизамон, ба хотири қатъи хунрезиҳои даҳшатнок, ҳифзи ягонагии миллат ва нигоҳ доштани якпорчагии давлатамон оғоз кардем».

Ба он назарам, ки бо истифода аз кулли имкон, шуруъ аз муҳити хонавода, ҷои кор то ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи гуногун бояд ҷонфидоиҳои Родмарди ваҳдатофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истинод ба далелу рақамҳо шарҳу тавзеҳ дода шавад. Ба аҳли ҷомеа талқин ва агар зарур ояд таҳмил бояд намоем, ки маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гаштанд, то вожаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, ки аксарият истиқрори онҳоро дар Тоҷикистони тозаистиқлол ғайриимкон медонистанд, ба воқеият табдил ёбанд. Ба шарофати ин фарзонафарзанди миллат, ки рафтору гуфтор ва кирдорашон аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ таркиб ёфтааст, дар мамлакат ҷойгоҳи бадбинӣ ва танаффурро одамияту самимият ва некхислатӣ батамом танг карданд, рафоқату қаробат таври густурда роиҷ гардиду душманӣ нисбат ба якдигар аз байн рафт. Агар мо дар шарҳу тавзеҳи моҳияту дурнамои ваҳдати миллӣ ин тамоюлро сармашқи кор қарор диҳем, ин неъмати бебаҳо минҳайси ҷузъи калидии ҳувияти миллӣ тавсеа ёфта, ягон неруву васила наметавонанд ба он таъсири манфӣ расонанд.

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ матолиби зиёд таълиф мегардаду гузоришҳои афзун пахш. Иқдоми хуб аст, зеро бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир мавзуи рӯзмарра ҳамин бояд бошад. Мутаассифона, аксарият дар бораи ин неъмати бебаҳо ба такрори андешаҳои қаблан баёншуда ва умумигӯӣ иктифо менамоянд. Дар ҳоле ки метавон ин масъаларо хеле муфассал, бо истинод ба ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дод, аз нақли шоҳидони ҳол андешаро тақвият бахшид. Мақолаву гузоришҳо ба ин масъала марбут бояд пурмазмун бошанду мутмаинкунанда, истинод ба далелу рақамҳо, ки хеле зиёданд боис мегарданд, ки онҳо дар ташаккули афкори ҷомеа саҳмгузор бошанд. Дар ин раванд талқин бояд намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди сухан дар толор, марди ҳамоса дар корзор, марди тақво дар рафтору гуфтору кирдор ва умеди насли ҷавон мебошанд, ки «ҷавонии худро фидо карданд, то диёрашон ҷавон бошад». Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он хотир дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ҷонфидоӣ карданд, ки тоҷику тоҷикистониён аз давлату миллати хеш тафохур намоянд.

Эътироф бояд кард, ки дар баробари тундбоди ҳаводис истодан, муқовимат кардан осон нест. Аввал, ба сифати Раиси Шурои Олӣ ва баъдан, ҳамчун Президенти ҷумҳурӣ, ин Абармард давлат сохтанд. Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ қонуну қарорҳое қабул кард, ки ба эҳёи фаъолияти мақомоти давлатӣ рабт доштанд. Пас аз Президент интихоб шудан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни давлатсозӣ ба бунёдгузори давлати миллӣ табдил ёфтанд. Замона, вазъият, муборизаҳо дар кураи низоми идоракунии президентӣ ин шахсиятро обутоб доданд. Ба касе пӯшида нест, ки Пешвои миллат давра ба давра заминаҳои маънавӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсии бунёди давлати мустақили тоҷиконро тарҳрезӣ карданд. Бо ёдоварии ин рӯзҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд: «Давлату давлатдорӣ як мафҳуми назариявӣ набуда, он маҳз бо мавҷудияти рукнҳои амалии давлат маъно пайдо мекунад. Шоҳидон дар ёд доранд, ки дар он рӯзҳои вазнину мудҳиш тамоми ниҳодҳои марказӣ ва маҳаллии давлатдории мо пурра фалаҷ гашта, низоми идоракунии давлатӣ барҳам хӯрда буд. Бинобар ин, барқарор кардани аркони амалии давлат талошу заҳмати зиёдро талаб мекард. Мо тавонистем дар кӯтоҳтарин замон ниҳодҳои асосии давлатиро эҳё ва барқарор намоем».

Аз шиносоӣ бо масъалаҳои мавриди баррасӣ қарордоштаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум маълум мегардад, ки ваҳдатофарӣ мақсаду мароми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон аст. Ҷаҳду талоши номбурда барои барои эътидол овардани вазъ аз ҷониби нухбагони сиёсат намунаи камназир дар ақсои олам арзёбӣ гардидааст. Роҳбари давлат дар айёми хеле ноором, замоне, ки минтақаҳои ҷумҳурӣ ба размгоҳ мубаддал шуда буданд, ба он ҷо сафар карданд. Бо мардуми одӣ мулоқоти ошкоро доир намуданд, арзашонро шуниданд, ба саволҳояшон посух доданд, мушкилоташонро ҳал карданд. Дар замоне, ки ҳукмфармо силоҳ буд, Пешвои ваҳдатофар аз касеву чизе наҳаросиданд, дар ҳамон марҳила низ ба исмату басирати мардуми шарифи Тоҷикистон эътимод намуданд. Маҳз мардумсолориву қонунмеҳвариашон боис гардид, ки дар ҳама ҷанбаҳо, хоса расидан ба сулҳу ваҳати миллӣ, комёб гарданд.

Вақте дар бораи ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, ба насли наврас бояд ёдрас намоем, ки он замон (солҳои навадум) дар ҷумҳурии тоза ба истиқлолрасидаи мо се равия арзи ҳастӣ карданд. Агар онҳоро раддабандӣ намоем, ба аввалӣ ашхосе мансуб буданд, ки содиқона Ҳукуматро ҷонибдорӣ мекарданд. Ба гурӯҳи дуюм тоифае шомил шуданд, ки мехостанд бо дастгирии хоҷаҳои худ, тавассути ғасби ҳокимият ба сари қудрат оянд. Гурӯҳи савум аз фардҳои бетарафу бетафовут иборат буд. Ин қабил ба ҳарду ҷониб аз рӯи мавқеъ якхела муносибат мекарданд, яъне ҷонибе агар ғолиб меомад, ҷониби муқобилро ёрмандӣ мекард ва баръакс.

Агар ин ҳолат давом мекард, мамлакат ба майдони ҷанг табдил меёфт. Ҳукумати вақт манфиатдори даъват кардани иҷлосияи навбатии Шурои Олӣ набуд ё силоҳбадастон намегузоштанд. Ду мақоми бонуфузе, ки барои бехатариву амнияти давлату мардум умре аз ҳисоби давлат мехӯрданду мепӯшиданду бологузар буданд, дар вақти зарурӣ, яъне ноамнии мардуму хатари давлат, худро бетараф эълон намуданд, ки ин пурра фалаҷшавии аркони давлатдорӣ маҳсуб мешуд. Гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ба он оварда расонд, ки Президент Қаҳҳор Маҳкамов истеъфо диҳад. Президенти навинтихобшуда Раҳмон Набиев зери фишори силоҳбадастон аризаи истеъфо навишта, бо Қарори Раёсати Шурои Олӣ, Раиси Шурои Олиро иҷрокунандаи вазифаи Президент таъин карданд, ки хилофи конститутсияҳои давлатҳои мутамаддин ва Конститутсияи ҳамонвақта ва имрӯзаи Тоҷикистон буд. Бо роҳи фишор ба Парлумон ва Ҳукумати иҷроия ва бадтар аз ҳама, оғози гаравгонгирии аъзои Ҳукумату вакилони Шурои Олӣ, бесуботии вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, махсусан пойтахт, эҳсоси тарсу ваҳмро афзуд. Тоҷикистон он айём ба киштии шикаста шабеҳ буд, ки ба нохудои ҷасур ва сарсупурда ниёз дошт.

Ҳамсафони Пешвои миллат, ки бо баъзе аз онҳо дар ин маврид мусоҳиба доштам, иброз намуда буданд, ки он вақт шахсони дар мактаби сиёсат обутобёфта ва дар мансабҳои баланд фаъолияткарда вазифаҳои калидиро рад мекарданд. Чун сухан дар бораи Пешвои миллат равад, ҳатман ҷасораташон мадди назар аст. Беназир будани ҷасорати ин Абармард далели бебаҳс аст. Дар ин бобат садҳо далел метавонам орам, вале бо гуфтани як далел, ки зимни мусоҳиба бо сардори котиботи Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Абдулмаҷид Достиев пеш оварда буд, иктифо мекунам. Ба қавли номбурда, атрофиёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хоса ӯ, ба сафари он кас ба Афғонистон розӣ набуданд. Зимни шарҳи ин масъала, аз ҷумла, гуфта шуда буд, ки: «Вазифаи ҷонии мо буд, ки номбурдаро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Чунки имрӯзу фардои мамлакат ба ин шахс вобаста буд. Эмин нигоҳ доштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳиятан ҳифзи миллату давлат маҳсуб шуда, мавқеъгирии як идда ҳамсафон, алалхусус ман, танҳо ба ин ҷанба дахл дошт».

Даъвати гурезаҳо ба мамлакат ва андешидани тадбирҳои дахлдор барои баргаштани онҳо яке иқдомоти беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Маҳз ҳисси баланди ифтихори миллии Ҷаноби Олӣ буд, ки дар марҳилаи аввали давлатдорӣ як миллион тоҷики гурезаро аз манотиқи гуногуни олам ба ҷумҳурӣ бозпас оварданд. Ин кори қобили мулоҳиза аст, ки на ҳар роҳбар ба иҷрои он қодир мебошад, зеро аз таърихи на чандон дур мо мисолҳои зиёдеро медонем, ки маҳз ба хотири муносибати дуюмдараҷа зоҳир намудани ҳокимону роҳбарони давр ҳазорҳо нафар дар ғарибӣ монданд ва бо хориву зорӣ мурданд.

Тадбирандешии Роҳбари раиятпарвар самар овард, моҳи сентябри соли 1994 гурӯҳи аввали гурезаҳои иҷборӣ ба Меҳан бозпас омаданд. Басо рамзӣ, дорои ҳикмати афзун ва далели дигари соҳибфазилативу дурандешии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар истгоҳи роҳи оҳани Хушодии ноҳияи Шаҳритус истиқбол гирифтанд. Бо иқдоми худ, ки ҷаҳони маъниву моҳият дорад, Абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумӣ буданашонро бори дигар ба маъраз гузоштанд.

Мушоҳида мешавад, ки зимни иншои мақолаву гузориш дар бораи Рӯзи ваҳдати миллӣ ибтикори муҳими марбут ба ин дастоварди таърихӣ таъсиси Комиссияи оштии миллӣ дар ҳошия мемонад. Ҳол он ки таъсиси ин ниҳод, ки дар саргаҳи он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд, барои истиқрори сулҳу ваҳдти миллӣ хеле муҳим ва саҳми он дар ин раванд бениҳоят бориз мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Комиссияи оштии миллӣ» ва муайян намудани аъзои он 4 июли соли 1997 содир гардидааст.

Фаъолияти ин ниҳод бо зарурату махсусият ва тақозои ҳамон давра ба роҳ монда шуда, аз тариқи ваколату салоҳияти Президент ва Парлумони ҷумҳурӣ амалӣ шудани қарорҳои он гувоҳи ин гуфта аст. Барои фароҳам гардидани фазои мукаммали ҳуқуқӣ ҷиҳати дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафтани фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Аз ҷониби сиёсатшиносон низ эътироф шудааст, ки дар он марҳилаи пуртазод бо ҳидояти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадани низоми мавриди назар, яъне Комиссияи оштии миллӣ, Президент ва Парлумон самаровар, муносиб ва заруру ногузир буда, рисолаташон таври шоиста иҷро шуд. Ниҳоди гуфташуда давоми 998 рӯз барои пойдори сулҳу субот корбарӣ намуда, моҳи марти соли 2000-ум бо фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташ қатъ гардид.

Дуруст аст, ки ҷанги бародаркушро душманон дар хориҷ ба хотири дастёбӣ ба аҳдофи нопокашон тарҳрезӣ ва таҳмил карда буданд. Хушбахтона миллати мо бо каме таъхир бошад ҳам, исбот кард, ки қудрати дарки масъаларо дорад ва тақдирашро бо дасти худ навишта метавонад. Дар асри XXI, ки аксар давлатҳои даргир аз нооромиҳои дохилӣ борҳо сулҳ баставу зиёд аҳд шикастаанд, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди на танҳо тоҷикон, балки ҷомеаи башарӣ эътироф шудааст. Мо дида истодаем, ки дар баъзе мамлакатҳо сокинон бо умеди дарёфти макони амн фирор карда истодаанд. Зеро онҳо наметавонанд дар ватани худ осуда хобанд, нафас кашанд, кор кунанд, ханданд, рақсанд. Дар он мамлакатҳо одамон бо ҳам ихтилоф доранд, душманӣ меварзанд, ваҳдате вуҷуд надорад, нифоқу хусумат маъмул аст. Ин мисолҳо ба мо ҳушдор медиҳанд, ки ба қадри ваҳдат беш аз пеш бирасем.

Ҳоло тоҷику тоҷикистониён комилан дарк намудаанд, ки мақсад аз сиёсатбозӣ, суханпардозӣ, ва бечоранолии ба ном мухолифин ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ буд. Ҳарчанд дар кору пайкори ин тоифа мафкураи бегона меҳвару ҷавҳар буд, вале бо истифодаи «технология»-и нав хешро наҷотбахши миллат вонамуд карданд. Чоплусӣ, дурӯғгӯйӣ дар вуҷуди онҳо реша давонида, бо чарбзабонӣ мехостанд мардумро ба худ моил созанд. Вале ҳақиқатро магар метавон бо дурӯғ рӯйпӯш кард? Ҳаргиз, «ҳар касе он даравад, оқибати кор, ки кишт». Чун пардаи аз чеҳраи манфурашон бардошта шуд, дар зиндагиномаи онҳо пайдо кардани ҷанбаҳои мусбат ҷустани сӯзанро дар ғарами алаф мемонад.

Ба ҳеҷ ваҷҳ аз лавҳи хотирамон набояд зудоем, ки он вақт муносибати дуюмдараҷа ба арзишҳо, аз ҷумла ваҳдати миллӣ боис гардид, ки 150000 нафар нобуд, 1,5 миллион кас фирорӣ шуда, мавҷудияти миллату давлати тоҷиконро зери суол равад. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 60 фоиз коҳиш ёфта, касри тавозуни пардохт 30 фоиз афзуда, сатҳи таваррум ба дараҷаи аз ҳама баланд (гиперинфлятсия) 2100 фоиз ва сатҳи камбизоатии аҳолии мамлакат ба 80 фоиз расида буд. Қарзҳои берунӣ ва дохилӣ босуръат афзоиш ёфта, дар бозори истеъмолӣ маҳсулоти хӯрока ва молҳои аввалиндараҷаи ниёзи мардум ниҳоят камчин шуданд. Ин ҳолат вазъи умумии иҷтимоию сиёсиро муташанниҷ гардонида, шиддати иҷтимоиро қувват бахшид.

Мо бояд беш аз пеш зиракии сиёсиро меҳвар қарор диҳем, ки зеро то ҳанӯз пасмондаҳои ин тоифа таблиғгари мафкураи бегонаанд. Бо каломи «бадеъ» онҳо доми фиребу найранг густурдаанд, то сайд ва ба даст оранд. Бо вуҷуди дар ду олам шармсор будан даст аз ҳарзагӯӣ ва бечоранолӣ набардоштаанд. Ба ибораи дигар, «кор»- и ин тоифа «аз гиря гузашта» бошад ҳам, ин бешарафон механданд. Барои онҳо дигар даво пайдо кардан амрест маҳол.

Дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ бидуни суханпардозӣ, бо истинод ба далелҳои асоснок бозгӯйӣ намудани моҳияти ин ҷашн зарур ва ногузир аст. Хоса, дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо шиддат гирифта, гурӯҳҳои ифротгаро ва равандҳои дигари номатлуб дар шакли нав зуҳур карда истодаанд, ин иқдом муҳим, муфид ва саривақтист. Касе инкор карда наметавонад ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мақому манзалати хоса дорад. Бо гузашти солҳо, хоса, бо назардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир, моҳияти ин рӯйдоди таърихӣ барои мардуми тоҷик тамоюли афзоишро касб намуда, ҷойгоҳи онро бамаротиб боло бурд.

Хушбахтона, 29 сол аст, ки дар ҷумҳурӣ дигар садои тиру туфанг, нолаи талхи модарон ба гӯш намерасад. Мардум нафаси осуда мекашад ва бо эътимоди комил, бо қалбҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшон собитқадаманд. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҷонӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи виҷдони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқ ҳамеша омода ва беш аз пеш ҷонфидо бошанд. Муҳимтар аз ҳама, бояд ба насли наврас моҳияти ин ҷашн ва саҳми меъмори онро фаҳмонем, то онҳо дарк намоянд, ки чанд сол пештар бо чӣ мушкилот рӯ ба рӯ ва кадом шахсият боис гардид, ки рӯзгори саодатманди онҳо таъмин гардад.

Эътироф бояд кард, ки дар робита ба ин масъала баъзеҳо ба суханпардозӣ иктифо мекунанд, ки дар натиҷа тадбирандешӣ барои осебнопазир мондани ин неъмати бебаҳо то андозае аз мадди назар дур мемонад ва дар зеҳни ашхоси огоҳу ватандӯст суол матраҳ мегардад, ки: Чӣ бояд кард, то Ваҳдати миллӣ устувор монад? Ба ин савол беҳтар аз таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посух пайдо накардам: «Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии худ расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».

Ин суханон рамзу ҳикмати зиёд ва моҳияти рӯзафзун дошта, вазифадорем онро сармашқи кор қарор диҳем.

Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»,
номзади илмҳои сиёсӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2026 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби тарбуз 90-95 фоиз об ва витаминҳои муҳим мавҷуд аст
Дар фасли тобистон чӣ гуна ташнагиро бе зарар расондан ба саломатӣ рафъ созем?
Ваҳдати миллӣ кафили соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ ва суботи Тоҷикистон мебошад
ҚОНУНИ АВФ. Давлат ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд
Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад
Барои мардуми тоҷик аз қадим василаи муҳими ҳамзистӣ, ҳамдилию фарзонагӣ эътироф меёфт. Эҳдо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин мавзуъ
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БИЁБОНШАВӢ ВА ХУШКСОЛӢ. Дар Тоҷикистон «Нақшаи амал алайҳи биёбоншавӣ» қабул шудааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Ин рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад