Имрӯз дар бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон борон ва раъду барқ дар назар аст

Июнь 3, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 03.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол  раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа  ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21, рӯзона 33+38 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 3, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад