Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷикон, ҳамватанон ва соҳибкорони бурунмарзӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус «АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ оид ба қабули ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» ёдоварӣ шуда, онро амри зарурӣ ва саривақтӣ унвон намуданд.
Иброз гардид, ки ин қатънома, ки бори аввал бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, бозгӯи ҷойгоҳи баланд ва нақши созандаи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ буда, эътимоди ҷомеаи байналмилалиро ба сиёсати сулҳпарваронаи мамлакати мо боз ҳам таҳким мебахшад.
Давлаталӣ Саид аз фаъолияти созанда ва саҳми тоҷикони муқими Қазоқистон дар муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки имрӯз муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон босуръат рушд намуда, вохӯриҳои мунтазами сарони давлатҳо барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Инчунин Раиси вилоят оид ба омодагиҳои густурда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, иброз намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар саросари мамлакат корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, танҳо дар вилояти Хатлон бунёду навсозии 6260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, қисми зиёди он мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Раиси вилоят зимни баррасии вазъи ҷаҳони муосир аз таъсири низоъҳои сиёсиву низомӣ, таҳримҳои иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар чунин шароит рушди истеҳсолоти ватанӣ ва истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Аз соҳибкорон даъват гардид, ки дар таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми бештар гузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






