«ИСТЕЪДОДҲОИ НАВРАС». Дар Душанбе маросими пӯшидашавии Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кохи «Сурӯш»-и пойтахт бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими тантанавии пӯшидашавии Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас», ки аз 26 то 30 июни соли 2023 идома ёфт, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар маросими пӯшидашавии Фестивали мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии дахлдор, ҳайати ҳакамони озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди дохилу хориҷи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода оғоз намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокчиёни Фестивал расонида, бори дигар меҳмононро ба Тоҷикистон ва Душанбешаҳри дилоро хайрамақдам гуфт.
Сипас, маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон, ки 27 июн дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» аз рӯйи номинаи вокал, хореография ва навозандагӣ баргузор гардида буд, доир гардид. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукоти Фестивал қадрдонӣ карда шуданд.



Ёдрас бояд шуд, ки дар «Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон — «Истеъдодҳои наврас» ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасон аз шаҳрҳои Екатеринбурги Федератсияи Русия, Тошкант, Нукус ва Намангони Ҷумҳурии Узбекистон, Ашхободи Туркманистон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон, наврасони соҳибистеъдоди Афғонистон, вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз марказҳои эҷодии таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагона иштирок доштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи ғолибони Озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд, ки писанди ҳамагон гардид.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе











Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






